Чанд ширкати байналмилалӣ дар наслкушии Ғазза мушорикат доранд?
-
Франческа Албанезе, гузоришгари вижаи Созмони Милал
Порс-Тудей. Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар гузорише аз мушорикати ширкатҳои байналмилалӣ дар наслкушии Ғазза хабар дод.
Франческа Албанезе, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури ҳуқуқи башар дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин шомгоҳи сешанбе дар гузорише эълом кард: Беш аз 60 ширкати байналмилалӣ дар ҷиноёти Исроил дар Ғазза мушорикат доранд.
Ба гузориши Порс-Тудей, Албанезе гуфт, ин гузориш бар пояи беш аз 200 санаду иттилоот аз давлатҳо, мудофеони ҳуқуқи башар, ширкатҳо ва донишгоҳиён таҳия шудааст.
Вай иқдомоти ширкатҳои байналмилалӣ дар наслкушии Ғаззаро бахше аз як компайн ё маъракаи наслкушӣ тавсиф карду афзуд: Дар ҳоле ки зиндагӣ дар Ғазза нобуд мешаваду Каронаи бохтарӣ зери ҳамалоти физоянда қарор дорад, ин гузориш нишон медиҳад, ки чаро наслкушӣ идома дорад? Чун барои бисёре судовар аст.
Дар феҳристи мунташиршудаи Албанезе номи ширкатҳои бузурге, аз ҷумла Локҳид Мартин (Lockheed Martin) ва Леонардо (Leonardo) ба чашм мехӯрад, ки тибқи ин гузориш таслеҳоти онҳо дар ҳамалот ба Ғазза мавриди истифода қарор гирифтааст.
Дар бахши мошинолот низ ширкатҳои Катерпиллар (Caterpillar Inc) ва Эйч Ди Ҳундай (HD Hyundai) ба далели таъмини таҷҳизоти мавриди истифода дар тахриби амволи фаластиниҳо дар Каронаи бохтарӣ ва борикаи Ғазза ном бурда шудаанд.
Гузориши Албанезе ҳамчунин таъкид мекунад, ки ширкатҳои фанноварии бузурги ҷаҳонӣ дар сомонаи назоратии Исроил ва тахриби мустамари Ғазза нақши меҳварӣ доранд. Дар ин миён, аз ширкатҳои Алфабет (Alphabet – ширкати модари Гугл), Амазон (Amazon), Майкрософт (Microsoft), Ай Би Эм (IBM), Палантир Текнолоҷиз (Palantir Technologies) ном бурда шудааст.
Ба гуфтаи гузоришгари Созмони Милал, ин ширкатҳо бо ироаи хадамоти роёниши абрӣ, абзорҳои ҳуши маснӯӣ ва сомонаҳои назоратӣ, дар идомаи ишғолу ҳамалот алайҳи фаластиниҳо нақш доштаанд.
Албанезе дар ин гузориш хостори таваққуфи ҳамкории ин ширкатҳо бо Исроил ва пайгарди ҳуқуқии мудирони онҳо ба далели нақзи эҳтимолии қавонини байналмилалӣ шудааст.
Ин гузориш қарор аст дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал барасӣ шавад. Исроил ва Амрико пештар аз узвият дар ин шӯро канорагирӣ кардаанд ва далели онро “ҷонибдорӣ алайҳи Исроил” унвон кардаанд.
Дар вокуниш ба ин гузориш давлати Амрико аз Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милал хостааст то Албанезеро барканор кардаву гузориши ӯро маҳкум кунад.