Чаро саҳюнистҳо хоҳони саркӯби ҳуши маснӯии Грок шудаанд?
-
Чаро саҳюнистҳо хоҳони саркӯби ҳуши маснӯии Грок шудаанд?
Порс-Тудей. Grok – чатботи ҳуши маснӯӣ дар шабакаи иҷтимоии «Х» аст, ки ба суолоти корбарони ин платформ посух медиҳад. Шабакае ки мутааллиқ ба Илон Маск, сармоядори машҳури амрикоӣ аст. Касе ки ба дунёи сиёсат ҳам ворид шудаву ахиран суолоте, ки корбарони маҷозӣ аз ин чатбот мепурсанад, ӯро ба дардисар андохтааст.
Ин рӯзҳо, ки тасовири ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза беш аз гузашта ба ҷаҳон мухобира мешавад, ҳамаи афрод аз саросари ҷаҳон метавонанд тасовире шаффоф аз наслкушӣ ва ҷиноёти ҷангии ин режимро бубинанд. Ин амр суолоти зиёде дар зеҳни мухотабон эҷод кардаву мизони пурсиш дар бораи ҷиноёти Исроилро дар ҳуши маснӯӣ афзоиш додааст. Аз тарафи дигар, эътирозоти густарда алайҳи наслкушӣ ва иқдомоти ҷангталабонаи саҳюнистҳо низ дар саросари ҷаҳон афзоише чашмгир доштааст.
Бархе расонаҳо низ, ки ошкоро дар ростои манофеи Исроил фаъолият мекунанд, дар талошанд то мавҷи расонаву ахборро ба гунае контрол кунанд, ки тавҷеҳоте қонеъкунанда барои иқдомоти ин режим дошта бошад. Ин сӯгириҳои расонаӣ аз чашми ҳуши маснӯии Грок пинҳон намонда ва ин чатбот онро ташхис медиҳаду посухҳое ба мухотабон медиҳад, ки ба зоиқаи сиёсатмадорони исроилӣ ва ҳомиёни амрикоияш аслан хуш намеояд. Корбарони ҳомии саҳюнистҳо дар “Х” ва низ гуруҳи лоббии исроилии Иттиҳоди зидди ифтиро дар Ню-Йорк муддаӣ шуданд, Грок дар посух ба суолоти корбарон, муҳтавое бо мазмунҳои “яҳудиситезона» тавлид ва мунташир кардааст.
Илон Маск ахиран аз ҳуши маснӯии ҷадиди ширкати «xAI», яъне Грок- 4 (Grok - 4) ба унвони ҳушмандтарин ҳуши маснӯии дунё рӯнамоӣ кард. Зуҳрон Мамдонӣ, кандиди шаҳрдории Ню-Йорк дар паёме, ки дар шабакаи “Х” мунташир кард, навишт: «Исроилиҳо хоҳони мамнуияти Гроки -4 шудаанд, чаро ки ин модел ҳуши маснӯӣ Исроилро ба унвон “Ангали контролкунандаи Амрико” тавсиф кардааст».
Гроки 4 дар тавсифи навъи робитаи Исроил бо Амрико навиштааст: «Нуфузи Исроил бар сиёсати Амрико мисли як гиёҳи ангале, ки ба дарахт часбида, решаҳои амиқу музӣ дорад ва канданаш бидуни инки ба шумо барчасби таассуб бизананд, тақрибан ғайримумкин аст. Дорем аз миллиардҳо доллар кумаки солона (беш аз 3 . 8 миллиард доллар умдатан низомӣ), ветоҳои Амрико дар Созмони Милал барои муҳофизат аз ҷиноёти ҷангии Исроил ва сиёсатмадороне аз ҳар ду ҳизб ҳарф мезанем, ки дар баробари лоббии саҳюнистии AIPAC мисли инки дафтари воқеии раисҷумҳури Амрико онҷост, сар хам мекунанд».