Коридори Зангезур; роҳе барои сулҳ ё пуле барои тавтиъа?
Порс Тудей – Дар ҳафтаҳои ахир хабари тавофуқи Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар Кохи Сафед мунташир шуд, ки ин тавофуқ ба коридори Зангезур марбут аст.
Дар миёни ошӯбҳои геополитикии Ғарби Осиё ва рӯзҳои миёнаи моҳи мурдоди 1404, Кохи Сафед мизбони имзои тавофуқе буд, ки зоҳире аз сулҳ ва ботине аз тавтиъа дорад.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНА; коридори «Зангезур», ки бо номи сохтаи «масири Трамп» низ маъруф шудааст, на як гузаргоҳи оддии транзитӣ, балки абзоре барои бознависии харитаи қудрат дар Қафқози Ҷанубист.
Ин коридор, бо тӯли тақрибан 43 километр дар вилояти Сюники Арманистон, қарор аст Ҷумҳурии Озарбойҷонро ба Нахҷавон пайваст кунад ва бахше аз «коридори миёна» бошад, ки аз Осиёи Марказӣ то Аврупо идома меёбад. Аммо бар асоси ахбор, вогузории контроли 99-солаи ин масир ба консорсиуми амрикоӣ-арманӣ, занги хатар барои минтақа аст. Ин тарҳ, фаротар аз нақлиёт, бахше аз стратегияҳои НАТО ва режими саҳюнистӣ барои муҳосираи Теҳрон, заиф кардани Маскав ва маҳдуд кардани Пекин аст.
Аз Қарабоғ то Зангезур: решаҳои як буҳрон
Фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар даҳаи 1990, баҳси Қарабоғро шиддат бахшид. Арманистон ин минтақаро таҳти назорат гирифт ва Эрон, Русия ва гурӯҳи Минск барои миёнҷигарӣ талош карданд, аммо бенатиҷа буд ва солҳо бунбасти дипломатӣ бар Қафқоз соя афканд. Ҷанги 2020, бо ҳимояти ошкори низомии Туркия, Қарабоғро ба Ҷумҳурии Озарбойҷон баргардонд. Тавофуқи оташбаси ноябри ҳамон сол, бо ишора ба «бардошти масдудияти роҳҳои дастрасӣ», баҳонае шуд барои матраҳ кардани коридори Зангезур. Бо он ки Эрон, бо кушодадастӣ, гузари Арасро барои дастрасии Озарбойҷон ба Нахҷавон фароҳам карда буд, аммо фишорҳои Ғарб, ин коридорро ба абзоре барои зарба задан ба Эрон ва Русия табдил кард.
Маҳдуд кардани Авруосиё: маҳдудияти сегонаи Эрон, Русия ва Чин
Масири Трамп, дар сурати камранг шудани соҳибихтиёрии Арманистон бар ин коридор, дарвозае барои нуфузи Амрико ба баҳри Хазар ва манобеи энержии Осиёи Марказӣ мешавад. Ин тарҳ, меҳвари маҳдудияти сегонаи Эрон, Русия ва Чин аст. Дар шароити ҷанги Украина, ихроҷи нерӯҳои рус аз Қафқоз ва гумонзаниҳо дар бораи узвияти Арманистон ва Озарбойҷон дар НАТО, нуфузи Маскавро ба канор меронад. Чин низ бо маҳдудияти дастрасӣ ба энержӣ ва маъданҳои Осиёи Марказӣ рӯбарӯст ва тарҳи камарбанд ва роҳаш дар маърази хатар қарор гирифтааст. Барои Эрон, ин коридор ба маънои қатъи иртиботи заминӣ бо Арманистон ва маҳдуд шудани масирҳои транзитии шимолу ғарб ба Туркия аст. Эрон борҳо ҳушдор додааст, ки иртиботаш бо Арманистон набояд қатъ шавад; мақомҳои эронӣ мегӯянд Қафқоз бахше аз ҳувияти таърихии Эрон аст ва ин минтақа набояд ба майдони нуфузи бегонагон табдил шавад.