Оё кӯдакони фаластинӣ ба абзори таблиғотии UEFA табдил ёфтаанд?
Порс Тудей – Финали футболи Суперҷоми Аврупо-2025 миёни ПСЖ-и Фаронса ва Тоттенҳеми Англия дар Италия, саҳнае фарқкунанда аз ҳамеша дошт.
Middle East Eye ахиран навишт: Пеш аз оғози бозии финали Суперҷоми Аврупо-2025 миёни ПСЖ ва Тоттенҳем дар шаҳри Удинеи Италия, кӯдакони паноҳандаи фаластинӣ баннере бузург бо шиори «Куштани кӯдакон ва ғайринизомиёнро қатъ кунед» дар майдон ба намоиш гузоштанд; иқдоме, ки ба зудӣ бозтоби густарда дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ёфт. Ба гузориши Порс Тудей, УЕФА, ташкилкунандаи ин мусобиқа, дар саҳифаи расмии худ ин паёмро «возеҳ ва рӯшан» тавсиф кард, аммо вокунишҳо нишон дод, ки бисёриҳо чунин назар надоштанд.
Фаъолони ҳуқуқи башар ва ҳаводорони футбол, УЕФА-ро муттаҳам карданд, ки бо ин иқдом танҳо ба «жести ахлоқӣ» ва «амали намоишӣ» даст зада ва аз бурдани номи мустақими режими Исроил ҳамчун омил кштори ғайринизомиён дар Ғазза худдорӣ кардааст.
«Ном бурдан аз ҷиноят бе ҷинояткор, буздилӣ аст»
Созмони Афви байналмилалии Британия ин иқдоми УЕФА-ро «буздилона» хонд. «Роҳан Талбот», мудири созмони ёрии тиббӣ барои фаластиниён низ пурсид: «Ин паём ба кӣ равона шудааст? Кӣ кӯдаконро мекушад? Кӣ ғайринизомиёнро ҳадаф қарор медиҳад?»

Интиқоди Афви байналмилал аз УЕФА
Тариқ Кенни-Шава, нависанда ва таҳлилгар низ дар интиқоди шадид навишт: «Шиорҳои мубҳам ва бемаънӣ ба Исроил иҷозат медиҳад, ки дар ҳоле ки кӯдакон ва ғайринизомиёнро мекушад, худро ҳомии сулҳ нишон диҳад. Ҳадди ақал бояд Исроилро ошкоро ном баред ва аз мусобиқаҳои УЕФА хориҷ кунед.»
Ҳузури кӯдакони фаластинӣ; «ҳаракати таблиғотӣ»?
Ду кӯдаки паноҳандаи фаластинӣ ҳамчунин дар маросими тақдими медалҳо дар канори Александр Чеферин, раиси УЕФА, ҳузур доштанд, аммо ҳамин мавзӯъ низ бо вокунишҳои интиқодӣ рӯбарӯ шуд.
Лайло Ҳомид, рӯзноманигори варзишӣ дар ёддоште навишт: «Ин кӯдакон паноҳандаанд, чун Исроил 77 сол аст сарзаминашонро ишғол карда ва мардуми онҳоро овора мекунад. Намешавад онҳоро ба саҳна овард, дар ҳоле ки ҳамзамон аз таҷовузгаронашон ҳимоят мекунед.»
Мунтақидон таъкид доштанд, ки ин иқдом ҷуз як «амали намоишӣ» нест, бахусус ки танҳо як рӯз пас аз ин бозӣ, дастаи футболи Маккаби Тел-Авиви Исроил дар чорчӯби мусобиқаҳои аврупоӣ ба майдон рафт. Аҳмад ад-Дин, рӯзноманигор низ дар вокунише шадид навишт: «Наметавонед кӯдакони фаластиниро ба намоиш гузоред ва ҳамзамон иҷозат диҳед, ки дастае, ки рамзи ишғолгарон аст, зери парчами УЕФА бозӣ кунад.»

Дугонагии УЕФА дар баробари режими Исроил ва Русия
Қисми бузурги интиқодҳо ба дугонагии рафтори УЕФА равона буд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ёдовар шуданд, ки Русия фавран пас аз ҳамла ба Украина аз мусобиқаҳо маҳрум шуд, аммо Исроил бо вуҷуди ҷанги хунин дар Ғазза ҳамоно иҷозаи ҳузур дар майдонҳои аврупоиро дорад.

Яке аз корбарон навишт: «Ду сол аст дар мавзӯи Ғазза таъхир мекунед ва ҳоло танҳо паёмҳои бефоида нашр мекунед, дар ҳоле ки дар баробари Русия қотеъ ва зуд амал кардед.»
«Асари Муҳаммад Салоҳ» ва фишори афкори умумӣ»
Чанд рӯз қабл аз ин бозӣ, Муҳаммад Салоҳ, ситораи мисрии Ливерпул, УЕФА-ро барои гиромидошти футболбози фаластинӣ Сулеймон ал-Убайд бидуни ишора ба он ки ӯ дар ҳамлаи Исроил ба шаҳодат расидааст, мавриди интиқод қарор дода буд. Бисёриҳо бар ин боваранд, ки иқдомоти ахири УЕФА, аз ҷумла эъломи ҳамкорӣ бо чанд ниҳоди хайриявӣ барои кӯмак ба кӯдакони Ғазза, натиҷаи фишори ҳамин вокунишҳо ва «асари Салоҳ» аст.

Бар асоси омори Иттиҳоди футболи Фаластин, дастикам 400 футболбоз дар ҷараёни ҳамлаҳои Исроил дар Ғазза ба шаҳодат расидаанд ва наздик ба 300 маркази варзишӣ, аз стадионҳо то клубҳо, тахриб шудааст.
Ҷамъбандӣ
Намоиши баннери «Куштани кӯдаконро қатъ кунед» дар Суперҷоми Аврупо шояд барои УЕФА(UEFA) талоше барои нишон додани ҳамдардӣ бошад, аммо барои бисёриҳо, танҳо як амали таблиғотӣ ва «намоишии пуч» талаққӣ шуд. Афкори умум ва фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, вақти шиорҳои мубҳам гузаштааст ва акнун замони «иқдоми воқеӣ» аст; маҳрумияти Исроил аз мусобиқаҳои аврупоӣ, ҳамон тавре ки бо Русия бархурд шуд.