Афви байналмилал: Гуруснагӣ додан абзоре барои шиканҷаи фаластиниҳост
-
Афви байналмилал: Гуруснагӣ додан абзоре барои шиканҷаи фаластиниҳост
Порс Тудей- Созмони Афви байналмилал рузи душанбе таъкид кард: иқдомоти режими Исроил дар 22 моҳи гузашта, аз ҷумла муҳосираи Ғазза ва маҳрумсозии густурдаи сокинони он аз дастрасӣ ба ниёзҳои асосӣ, бахше аз улгуи шиканҷаи систематикӣ ва гуруснагии амдона алайҳи фаластиниён аст.
Созмони Афви байналмилал таъкид кард: сиёсатҳои «Исроил» дар 22 моҳи гузашта амдан бо ҳадафи нобудии фаластиниён эъмол шуда ва бахши ҷудонашавандаи «ҷинояти наслкушии мустамар» алайҳи онон аст. Эрика Ҷивара, мудири аршади бахши таҳқиқот дар Созмони Афви байналмилал гуфт: низоми байналмилал дар амал ба режими Исроил муҷаввизи шиканҷаи фаластиниён ва баҳрамандӣ аз масунияти тақрибан комил дар чанд даҳаи гузашта додааст. Мудири аршади бахши таҳқиқот дар Созмони Афви байналмилал ҳамчунин хостори рафъи фаврӣ ва бидуни шарти муҳосираи Ғазза шуд ва бар зарурати барқарории оташбаси пойдор ва таваққуфи ҳар гуна тарҳ барои идомаи ишғол ё ташдиди ҳамлаи низомӣ ба ин навор таъкид кард.