Ҷаҳон зидди Исроил муттаҳид шуд; Тазоҳуроти зидди саҳюнистӣ дар кишварҳои мухталиф
https://parstoday.ir/tg/news/world-i121690-Ҷаҳон_зидди_Исроил_муттаҳид_шуд_Тазоҳуроти_зидди_саҳюнистӣ_дар_кишварҳои_мухталиф
Порс тудей- Дар иқдоми ҳамоҳанг шаҳрвандон дар чандин пойтахт ва шаҳри бузурги ҷаҳон тазоҳуроти густарда дар маҳкумияти наслкуши ва қаҳтисозии дар Ғазза баргузор карданд.
(last modified 2025-08-25T07:03:21+00:00 )
Август 24, 2025 13:38 Asia/Dushanbe
  • Ҷаҳон зидди Исроил муттаҳид шуд; Тазоҳуроти зидди саҳюнистӣ дар кишварҳои мухталиф
    Ҷаҳон зидди Исроил муттаҳид шуд; Тазоҳуроти зидди саҳюнистӣ дар кишварҳои мухталиф

Порс тудей- Дар иқдоми ҳамоҳанг шаҳрвандон дар чандин пойтахт ва шаҳри бузурги ҷаҳон тазоҳуроти густарда дар маҳкумияти наслкуши ва қаҳтисозии дар Ғазза баргузор карданд.

Мардум дар кишварҳои мухталиф аз ҷумла Италя, Утриш, Олмон, Канада ва Амрико рузи шанбе бо барпои таҷамуъоти ҷиноёти мудовини режими саҳюнистҳо зидди мардуми Ғаззаро маҳкум карданд.

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо дар шаҳри Отово пойтахти Канада тазоҳуроти густарда дар маҳкумияти ҷиноёти режими саҳюнистӣ зидди мардуми Ғазза баргузор шуд тазоҳуроти дигар низ муқобили сафорати режими саҳюнистӣ дар Ландан дар маҳкумияти ҷанги вайронгар дар борикаи Ғазза баргузор шуд пеш аз ин тазоҳурот давлати Англис сафири режими саҳюнистиро ба сабаби тарҳи кобинаи Тел-Авив барои густариши ишғоли Ғазза эҳзор карда буд.

Дар ҳамин иртибот мардуми Сеул, пойтахти Кореяи Ҷанубӣ, ба намоиши пуштибонӣ аз Фаластин ва ҷанги харобиовар ва гуруснагӣ дар Ғаззаро маҳкум карданд.

Мардуми Финландия ба таври ҷолиб дар шаҳри Ҳелсинки, пойтахти ин кишвар занҷири инсонӣ ташкил карда, аз мардуми Фаластин пуштибонӣ карда, таҷовузи таҷовузгаронро дар навори Ғазза маҳкум кард.

Брюссел, маркази амалиётии Иттиҳодияи Аврупо ва нишасти Комиссиюни Аврупо ва Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо низ як тазоҳуроти густурда ба ҳимоят аз Ғазза ва маҳкумияти ҷанги гуруснаги ки тавасути ишғолгарон ба роҳ афтод мизбони тазоҳуроти густарда буд.

Дар Берлин, пойтахти Олмон, садҳо нафар парчамҳои Фаластинро барафроштан, ҷиноятҳои ваҳшиёнаи саҳюнистҳо дар Ғаззаро маҳкум карданд. Ҳамзамон дар Австрия тазоҳургарон аксҳои шаҳидони Ғаззаро ба намоиш гузошта, куштори бераҳмонаеро, ки саҳюнистҳо алайҳи кӯдакони Ғазза анҷом медиҳанд, ифшо карданд.

Фаъолон дар назди консулгарии режими саҳюнистӣ дар иёлати Тегсоси Амрико фаъолон бо барпои чодарҳо, ҳамбастагии амиқи худро бо мардуми Фаластин иброз карданд. Ин гурӯҳ, ки фаъолияти худро ба ёди рӯзноманигори шаҳидаи фаластинӣ Анас Ал-Шариф номид, қотеъона талаб кардааст, ки интиқоли силоҳ ба Исроил қатъ карда шавад ва муҳосираи Ғазза фавран лағв шавад. Онҳо эълон карданд, ки тазоҳурот идома хоҳад ёфт ва ба унвони истодаги барои ҳамбастаги бо рӯзноманигорони фаластинӣ тарҳрезӣ шудааст, ки ҳангоми кӯшиши гузориши ҳақиқат дар бораи ҷиноятҳои давомдор ҷони худро аз даст додаанд.

Дар ҷабҳаи дигар даҳҳо созмони инсондустона таҳти лавои "Новгони ҷаҳони муқовимат" худро барои роҳандозии бузургтарин новгони инсондустонаи таърих омода мекунанд то муҳосираи Ғазза тавассути саҳюнистҳоро дар ҳам бишканад ҳадафи ин новгон гушоиши як гузаргоҳи инсони барои расондани кумакҳои ҳаёти ба Ғазза аст қарор аст дар поёни ҳамин моҳ қоиқҳои ин новгон дар чандин марҳала ба самти киштиҳои мустақар дар Испания ҳаракат кунанд гуруҳи баъди низ дар сентиябри оянда масири худро оғоз хоҳад кард ва ширкаткунандагони аз 44 кишвар кумакҳои башардустона ва паёмҳои ҳамбастаги бо худ ҳамл хоҳанд кард.