Август 03, 2016 13:45 Asia/Dushanbe
  • Идомаи тазоҳурот дар Арманистон

Аъзои Ҳизби Парлумон таъсиси Арманистон шаби гузашта бо баргузории тазоҳуроти эътирозомез дар майдони озодӣ дар маркази шаҳри Ереван хостори озодии бархе аз зиндониёни сиёсӣ бавижа раиси мухолифони давлати Арманистон шуданд.

Гурӯҳе аз мухолифони давлати Ереван бо баргузории тазоҳурот озодии зиндониёни сиёсии ин кишварро хостор шуданд.

Ба иттилои хабаргузории Апа, аъзои Ҳизби Парлумон таъсиси Арманистон шаби гузашта бо баргузории тазоҳуроти эътирозомез дар майдони озодӣ дар маркази шаҳри Ереван хостори озодии бархе аз зиндониёни сиёсӣ шуданд.

Арутюн Асламазян, яке аз намояндагони Ҳизби Парлумони таъсис дар суханронии худ бо орзуи озодии ҳарчи зудтари мардони мусаллаҳе, ки идораи полиси Арбониро ба тасарруф дароварда буданд, бар озодии Жирайр Сефилян, раиси мухолифони давлати Арманистон таъкид кард.

Арманистон аз рӯзи 17-и июл яъне замоне, ки гурӯҳе аз афроди мусаллаҳи мухолифи давлат ба як истгоҳи полис дар Ереван ҳамла карданд ва шуморе аз афсарони полисро ба гаравгон гирифтанд, дучори ҳарҷу мараҷ ва ошуб шудааст.

Муътаризон хостори озодии Жирайр Сефилян, раҳбари оппозитсия ҳастанд.

Гаравгонгирии мухолифони давлат дар Арманистон, бо таслим шудани тамомии гаравгонгирон ба тозагӣ поён ёфт.

Барчасп