Боздошти садҳо нафар дар тазоҳуроти зидди Доналд Трамп
(last modified Sat, 21 Jan 2017 14:33:30 GMT )
Январ 21, 2017 19:33 Asia/Dushanbe
  • Боздошти садҳо нафар дар тазоҳуроти зидди  Доналд Трамп

Пулиси Амрико эълом кард, беш аз 200 нафар дар тазоҳуроти эътирозӣ ба маросими Савгандёди раисиҷумҳури ҷадиди ин кишвар боздошт шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, пулиси Амрико рӯзи шанбе аз боздошти дастикам 217 нафар дар ҷараёни эътирозоти ин маросим хабар дод.

Бо ташдиди эътирозоти муътаризин ба раёсатҷумҳури Трамп дар Амрико, шумори афроди боздошт аз сӯи пулис низ афзоиш ёфт ва ба 217 нафар расид. Ҳазорон нафар аз мардуми Вашингтон, ҳамзамон бо амрикоиҳои муқими 30 кишвари дигари ҷаҳон аз нахустин соатҳои рӯзи ҷумъа ба хиёбонҳо омаданд ва эътироз, хашм ва нафрати худро аз изҳороти Трамп иброз карданд.

Мардуми Аврупо, дар шаҳрҳои Лондон-пойтахт Биритониё ва Берлин- пойтахти Олмон низ дар эътироз ба ин маросим тазоҳурот карданд.

Маросими Савгандёди Трамп, дирӯз ҷумъа (20 январи 2017) дар Вашингтон баргузор шуд.