Бузургтарин шоуи Аврупо дар ҳоли фурӯпошӣ аст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i123310-Бузургтарин_шоуи_Аврупо_дар_ҳоли_фурӯпошӣ_аст
Порс-Тудей. Таҳрими “Eurovision” аз сӯи Испания, Ҳоланд, Ирландия ва Словения дар эътироз ба ҳузури Исроил, акнун таҳдиде мустақим барои буҷету модели даромадии ин мусобиқа шудааст. Рӯйдоде ки ҳар сол садҳо миллион евро гардиши молӣ эҷод мекунад.
(last modified 2025-12-08T10:49:31+00:00 )
Декабр 08, 2025 15:46 Asia/Dushanbe
  • Иҷрои як гуруҳ дар рақобати “Eurovision”
    Иҷрои як гуруҳ дар рақобати “Eurovision”

Порс-Тудей. Таҳрими “Eurovision” аз сӯи Испания, Ҳоланд, Ирландия ва Словения дар эътироз ба ҳузури Исроил, акнун таҳдиде мустақим барои буҷету модели даромадии ин мусобиқа шудааст. Рӯйдоде ки ҳар сол садҳо миллион евро гардиши молӣ эҷод мекунад.

Рақобати овози “Eurovision”, ки солҳо аз он ба унвони бузургтарин рӯйдоди телевизионии ғайриварзишии Аврупо ёд мешуд, дар яке аз буҳронитарин мақотеи таърихи ҳафтодсолаи худ қарор гирифтааст. Буҳроне ки бар хилофи зоҳири мусиқоӣ ва саргармкунандаи ин барнома, решае комилан сиёсӣ ва иқтисодӣ дорад.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз “Форс”, тасмими Иттиҳодияи пахши Аврупо барои ҳифзи ҳузури Исроил бо тавваҷуҳ ба ҷинояти ҷангӣ дар Ғазза ва интиқодҳои густарда аз рафтори ин режим, акнун дӯдаш ба чашми худи мусобиқаи рафтаву сохтори молии онро бо ларзиши бесобиқае рӯбарӯ кардааст.

“Eurovision”  дар Аврупо ҷойгоҳе фаротар аз як мусобиқаи хонандагӣ дорад. Шабакаҳои телевизионии давлатии кишварҳои узви Иттиҳодияи пахши Аврупо дар он ширкат мекунанд, яъне ширкаткунандагон на хонандагон, балки шабакаҳои миллӣ ҳастанд.

Ҳар шабака бо пардохти саҳми молии мушаххас, ҳам дар иҷрои мусобиқа нақш дорад ва ҳам ҳаққи пахшу мушорикат дар интихоби намояндаи кишварашро ба даст меоварад. Ба баёни содатар, “Eurovision”  як тарҳи муштараки телевизионӣ миёни 40 кишвар аст, ки ҳазинаҳои он аз ҳисоби буҷети шабакаҳои давлатӣ, спонсерингу фурӯши ҳаққи пахш таъмин мешавад.

Ҳамин сохтори печида сабаб шудааст, хуруҷи чанд кишвар, ба вижа кишварҳои бузург, зарбае мустақим ба тарози молии ин барнома ворид кунад, иттифоқе, ки акнун дар ҳоли рух додан аст.

Моҷаро аз онҷо оғоз шуд, ки чаҳор кишвари аврупоии  Испания, Ҳоланд, Ирландия ва Словения панҷшанбеи гузашта эълом карданд, ба далели худдории Иттиҳодияи пахши Аврупо аз ҳазфи Исроил, дар давраи баъдии “Eurovision” ширкат нахоҳанд кард.

Ин тасмим на танҳо як шоки расонаӣ, балки таҳдиде мустақим барои буҷети мусобиқа маҳсуб мешавад. Зеро бархе аз ин кишварҳо аз бузургтарин таъминкунандагони молии “Eurovision”  ҳастанд.

Испания ба танҳоӣ солона беш аз 330 ҳазор евро дар баргузории рақобат мушорикат доштааст. Рақаме ки бо хуруҷи он бояд миёни кишварҳои дигар тақсим шавад, он ҳам дар давроне ки бисёре аз давлатҳои аврупоӣ бо буҳрони буҷету фишори таваррумӣ даступанҷа нарм мекунанд.

Коршиносони расонаии Аврупо ҳушдор додаанд, ки коҳиши теъдоди кишварҳои ширкаткунанда ба маънои коҳиши мухотабон, спонсорҳои камтар ва уфти арзиши таблиғотии мусобиқа аст. “Eurovision”  дар солҳои ахир ҳудуди 160 миллион бинанда доштааст, аммо хуруҷи кишварҳои аслӣ метавонад ин ададро миллионҳо нафар пойин биоварад. Уфте ки мустақиман даромадҳои тиҷории мусобиқаро таҳдид мекунад.

Ин буҳрон аммо танҳо як моҷарои молӣ нест, ривояти он дар батни худ достоне аз шикофи амиқи сиёсӣ низ дорад. Бисёре аз шабакаҳои аврупоӣ, ба вижа Ирландия ошкоро эълом кардаанд, ки идомаи ҳузур дар мусобиқа дар ҳоле ки Ғазза ҳамчунон қурбонӣ медиҳад, иқдоме ғайриахлоқӣ аст.

Бархе шабакаҳо низ баргузоркунандагонро муттаҳам кардаанд, ки таҳти таъсири фишорҳои сиёсӣ ва лоббиҳои исроилӣ қарор гирифтаанд ва бетарафии иддаоии мусобиқаро зери суол бурдаанд.

Дар муқобил, режими саҳюнистӣ ва шабакаи давлатии “Кан” бо иддаои мазлумнамоӣ, интиқодҳоро “байкоти фарҳангӣ” номидаанд ва муддаиянд, ҳазфи Исроил сиёсисозии мусобиқа аст. Дар ҳоле ки бисёре аз мунтақидон муътақиданд, сиёсӣ шудани “Eurovision”  дақиқан аз сӯи худи Исроил ва ҳомиёнаш сурат гирифтааст, на аз сӯи кишварҳои муътариз.

Акнун нигаронии мизбони давраи оянда - Австрия низ афзоиш ёфтааст. Раиси шабакаи “ORF” эълом кардааст, ки хуруҷи чанд кишвар бори молии чашмгире дораду вазъияти буҷети мусобиқаро сахттар мекунад.