Эътироз ба тахриби тамаддуни кишварҳои ҷаҳон дар Лувр
Декабр 17, 2025 11:35 Asia/Dushanbe
Музейи Лувр дар Фаронса боз ҳам таътил шуд. Ин бор, коркунони мӯзей дар таҷаммуъ муқобили вурӯдии он, ба кӯтоҳӣ дар нигаҳдории осори торихӣ, ки аз кишварҳои мухталиф ба Фаронса оварда шудааст, эътироз карданд.
Ба гузориши сервиси байналмилалии хабаргузории Садо ва симо аз Порис, иттифоқҳое, ки дар ҳамин ду моҳи гузашта барои Лувр афтода, садои коркунони ин мӯзейро ҳам даровардааст, мисли дуздии осори мӯзей дар камтар аз 10 дақиқа дар рӯзи равшан ва тахриби 300 то 400 китоби таърихӣ бар асари фозилоб.