“Гордиан”: Амрикову Исроил дар пайи сӯиистифода аз эътирозоти эрониён ҳастанд
-
Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико
Порс-Тудей”. Як расонаи англисӣ навишт, ки Амрикову режими Исроил ба дунболи сӯиистифода аз эътирози бархе шаҳрвандони эронӣ барои расидан ба аҳдофи худ ҳастанд.
Рӯзномаи англисии “Гордиан” рӯзи якшанбе дар ёддошти сардабирии худ навишт: “Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ва Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ иддаои кумак ба мардуми Эронро доранд, аммо ба дунболи сӯиистифода аз онҳо барои расидан ба аҳдофи худашон ҳастанд ва фақат ранҷи мардумро бештар хоҳанд кард”.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, рӯзномаи “Гордиан” бо ишора ба таҳаввулоти Эрон афзуд: “Трамп, ки аз дастгирии Николас Мадуро дар Венесуэла сармаст аст, тасаввур мекунад, ки метавонад бо мудохилаи хориҷӣ алайҳи Эрон ба пирӯзӣ бирасад”.
Тибқи ин ёддошт, Натанёҳу собиқае тӯлонӣ дар водор кардани Трамп ба иқдомоти хатарнок дорад, аммо ҳазинаи ин амрро шаҳрвандони эронӣ ва дигар мардуми минтақа хоҳанд пардохт.
Ин мақола дар ҳоле мунташир шуд, ки раисиҷумҳури Амрико ва нахуствазири режими саҳюнистӣ ошкоро аз иғтишошгарон дар Эрон ҳимоят мекунанд.