Январ 23, 2017 20:39 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири Англия дар дидор бо Трамп аз БАРҶОМ дифоъ мекунад

Сухангӯи нахуствазири Англия эълом кард, ки ин кишвар яке аз ҳомиёни сарсахти тавофуқи ҳастаии Эрон аст ва дар сафари Тереза Мэй ба Амрико ин мавзуъ комилан шаффоф хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, сухангӯи нахуствазири Англия дар бораи изҳороти Трамп, ки таҳдид карда буд, тавофуқи ҳастаӣ бо Эронро пора мекунад ё онро тағйир медиҳад гуфт, ки Тереза Мэй дар дидор ин ҳафтаи худ бо Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, ақидаи худ дар бораи ҳимоят аз тавофуқи ҳастаии Эронро иброз хоҳад кард.

Сухангӯи нахуствазири Англия таъкид кард, бидуни тардид Англия яке аз ҳомиёни сарсахти тавофуқи ҳастаии Эрон аст.

 

Барчасп