Макрон: Озодии баён музахраф аст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i124260-Макрон_Озодии_баён_музахраф_аст
“Порс-Тудей”. Озодии баён бидуни шафофияти алгоритмҳо аз нигоҳи раисиҷумҳури Фаронса музахрафи комил аст ва бояд созукори ҳидояти гуфтумони онлайн равшан шавад.
(last modified 2026-02-20T10:31:59+00:00 )
Феврал 20, 2026 15:30 Asia/Dushanbe
  • Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса
    Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса

“Порс-Тудей”. Озодии баён бидуни шафофияти алгоритмҳо аз нигоҳи раисиҷумҳури Фаронса музахрафи комил аст ва бояд созукори ҳидояти гуфтумони онлайн равшан шавад.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз Исна, Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса дар изҳороте ҷанҷолӣ истидлоли бархе платформаҳои расонаҳои иҷтимоӣ дар бораи дифоъ аз озодии баёнро музахрафи комил тавсиф карду хостори шафофияти комил дар хусуси наҳваи амалкарди алгоритмҳое шуд, ки гуфтумони онлайнро шакл медиҳанд. Вай бо ишора ба паёмадҳои густардаи ин мавзуъ барои низомҳои демократӣ гуфт: Мардум ҳеҷ сарнахе дар бораи наҳваи сохт, озмоиш ва омӯзиши алгоритмҳо ва инки онҳоро ба куҷо ҳидоят мекунад, надоранд.

Макрон таъкид кард, ки озодии баён комилан музахраф аст. Агар касе надонад чи гуна аз тариқи ин ба истилоҳ озодӣ ҳидоят мешавад, ба вижа замоне ки аз як нафратпароканӣ ба нафратпарокании дигар савқ дода мешавад.

Макрон дар айни ҳол бар лузуми ҳифзи назми умумӣ ва муқобила бо суханони нажодпарастонаву муҳтавои нафратомез дар фазои маҷозӣ таъкид кард.

 

Ташдиди таниши Аврупо ва Амрико бар сари озодии баён

Мавозеи Макрон дар шароите матраҳ мешавад, ки танишҳо миёни Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида бар сари танзимгарии платформаҳои диҷиталӣ афзоиш ёфтааст.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дифоъ аз озодии баёнро меҳвари сиёсати хориҷии худ эълом карда ва рӯйкардҳои назоратии Брюссел алайҳи ширкатҳои фанноварии мустақар дар Амрикоро мавриди интиқод қарор додааст.

Ҳамчунин Ҷ.Д. Венс, муовини раисиҷумҳури Амрико  раҳбарони аврупоиро ба маҳдуд кардани озодии баён муттаҳам кардаву ҳимояти Вашингтон аз муттаҳидони аврупоиро баста ба пойбандии онон ба арзишҳои асосӣ донистааст.

Дар муқобил, бархе чеҳраҳои барҷастаи ҳавзаи фанноварӣ низ аз сиёсатҳои Иттиҳоди Аврупо интиқод кардаанд. Павел Дуров, бунёнгузори Телеграм пас аз иқдомоти қазоӣ дар Порис, алайҳи шабакаи иҷтимоии Х, Фаронсаро кишваре озод надонист. Илон Маск низ пас аз ҷаримаи 150 миллионевроии платформаи худ аз сӯи Иттиҳоди Аврупо, ин блокро ҳаюлои бюрократӣ тавсиф кард.

Изҳороти Макрон дар бораи озодии баён бори дигар шикофи амиқи ду сӯи Атлантика бар сари марзҳои танзимгарии фазои маҷозӣ ва нақши давлатҳо дар ҳидояти гуфтумони умумиро барҷаста кардааст.