Август 03, 2016 19:40 Asia/Dushanbe
  • Шикояти додситони Ироқ аз раиси Порлумони ин кишвар

Сухангӯи дастгоҳи қазоии Ироқ гуфт, додситони ин кишвар зидди бархе мақомот, аз ҷумла раиси Порлумон ба иттиҳоми фасоди молӣ парванда ташкил додааст.

Ба гузориши "Франс пресс", Абдусаттор Байрақдор, сухангӯи дастгоҳи қазоии Ироқ рӯзи чаҳоршанбе дар баёнияе эълом кард, раиси Додситонии умумии Ироқ алайҳи ҳамаи афроде, ки Холид Убайдӣ, вазири дифоъ дар порлумон аз онон ном бурд, шикояте танзим кардааст.

Дар ҳамин ҳол Шӯрои олии қазоӣ ба унвони олитарин марҷаи қазоии Ироқ бо ҳамкории Кумитаи давлатии мубориза бо фасоди идорӣ ва молии ин кишвар пайгирии парвандаи иттиҳомот зидди раис ва чанд намояндаи дигари порлумони Ироқро бар ӯҳда гирифт.

Холид Убайдӣ, вазири дифои Ироқ, ки рӯзи душанбе барои посухгӯӣ ба суолоти намояндагони Порлумон ба Маҷлис рафта буд, Салим Ҷабурӣ, раис ва бархе аз намояндагони Порлумонро ба фасод дар иртибот бо қарордодҳои хариди таслиҳотии ин кишвар бо чанд кишвари хориҷӣ муттаҳам кард.

Дар пайи ин изҳорот, Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ дастури расидагӣ ба ин иттиҳомҳоро содир ва муттаҳамонро аз сафар ба хориҷи Ироқ мамнӯъ кард.