Рӯзномаи амрикоӣ: Доналд Трамп дар махмасае худсохта гирифтор шудааст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i124546-Рӯзномаи_амрикоӣ_Доналд_Трамп_дар_махмасае_худсохта_гирифтор_шудааст
“Порс-Тудей”. Рӯзномаи амрикоии “Ю Эс Эй Тудей” дар гузорише навишт: Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико бо оғози ҷанг зидди Эрон дар махмасае худсохта гирифтор шудааст.
(last modified 2026-03-26T08:14:52+00:00 )
Март 26, 2026 13:10 Asia/Dushanbe
  • Доналд Трамп дар махмасае худсохта гирифтор шудааст
    Доналд Трамп дар махмасае худсохта гирифтор шудааст

“Порс-Тудей”. Рӯзномаи амрикоии “Ю Эс Эй Тудей” дар гузорише навишт: Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико бо оғози ҷанг зидди Эрон дар махмасае худсохта гирифтор шудааст.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, рӯзномаи амрикоии “Ю Эс Эй Тудей” дар гузорише бо ишора ба инки ҷанги Доналд Трамп алайҳи Эрон ба андозаи кофӣ бад аст, аммо ӯ акнун бо таълиқи таҳримҳо ба Теҳрон кумак мекунад то аз ин вазъият суд бибарад, навишт: Раиси ҷумҳурии Амрико дар махмасае гирифтор шудааст, ки худаш онро сохтааст.

Дар гузориши “Ю Эс Эй Тудей” омадааст: Аз назари дохилӣ ҳизби ҷумҳурихоҳ умедвор буд, ки аз беҳбуди вазъияти иқтисод барои ҷалби назари раъйдиҳандагони амрикоӣ истифода кунад то номзадҳои ин ҳизб бори дигар контроли Конгресси Иёлоти Муттаҳидаро дар интихоботи миёндавраӣ дар моҳи ноябр ҳифз кунанд, аммо ҷанге ки Трамп ба роҳ андохта, на танҳо қимати нафт, балки баҳои бензин ва ҳар чизеро ки бо васоили нақлияи бензинӣ ҳамл мешавадро гаронтар кардааст.

Ин гузориш меафзояд: Аз сӯи дигар дар хориҷ аз Амрико муттаҳиди аслии Трамп дар ҷанги ӯ бо Эрон Исроил аст, ки ба бомбаборони зерсохтҳои санъати нафти Эрон идома медиҳад ва бо ин кор Эронро ба ҳамла ба саноеъ ва таъсисоти нафтӣ дар кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс тарғиб мекунад ва ин амр низ боиси афзоиши баҳои нафт шуда ва бозорҳои саҳҳоми Амрикоро мутазалзил хоҳад кард.

 

“Вол стрит журнал”: Трампи ҳаросон аз афзоиши талафоти амрикоиҳо ба дунболи эъломи поёни ҷанг аст

Дар ҳамин ҳол рӯзномаи “Вол стрит журнал” дар гузорише ба нақл аз чанд манбаи огоҳ навишт: Бо вуҷуди эъзоми туфангдорони дарёӣ ва неруи заминии Амрико ба минтақаи Ғарби Осиё, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ба далели нигаронӣ ва ҳарос аз афзоиши талафоти низомиёни ин кишвар ба далели тӯлонӣ шудани ҷанг бо Эрон, қасд дорад ҳар чӣ сареътар поёни ин набардро эълом кунад.