Ҳушдори раисиҷумҳури Чин ба Трамп дар бораи Тайван; иштибоҳ накун
https://parstoday.ir/tg/news/world-i124846-Ҳушдори_раисиҷумҳури_Чин_ба_Трамп_дар_бораи_Тайван_иштибоҳ_накун
Порс Тудей — Раисиҷумҳури Чин дар дидори Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар Пекин дар хусуси ҳар гуна таҳаррукоти Вашингтон дар хусуси ҷазираи Тайван ҳушдор дод ва гуфт: «Ҳар иштибоҳ метавонад ба тақобили ду кишвар мунҷар шавад».
(last modified 2026-05-15T04:21:35+00:00 )
Май 15, 2026 09:17 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисиҷумҳури Чин ва Амрико
    Дидори раисиҷумҳури Чин ва Амрико

Порс Тудей — Раисиҷумҳури Чин дар дидори Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар Пекин дар хусуси ҳар гуна таҳаррукоти Вашингтон дар хусуси ҷазираи Тайван ҳушдор дод ва гуфт: «Ҳар иштибоҳ метавонад ба тақобили ду кишвар мунҷар шавад».

Ба гузориши Порс Тудей, Ши Ҷинпинг, раисиҷумҳури Чин рӯзи панҷшанбе дар дидори Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар Пекин ҳушдор дод, ки бархӯрди нодурусти Вашингтон бо масъалаи ҷазираи Тайван метавонад ду кишварро ба тақобул ва ҳатто ҷанг бикашонад ва вазъияти равобити Чин ва Амрикоро ба тарзи хатарноке тазъиф кунад. Вай таъкид кард: «Истиқлоли ҷазираи Тайван бо сулҳ дар ин ҷазира созгорӣ надорад».

Пекин Тайванро ҷузъи ҷудонопазир аз Ҷумҳурии Халқи Чин медонад ва пойбандӣ ба асли «Чини воҳид»-ро шарте зарурӣ барои кишварҳое медонад, ки моил ба барқарорӣ ё ҳифзи равобити дипломатик бо Чин ҳастанд. Фурӯши таслиҳоти Амрико ба Тайван аз дербоз яке аз нуқтаҳои аслии таниш дар равобити Вашингтон ва Пекин будааст.