Чин: Далеле барои идомаи ҷанг алайҳи Эрон вуҷуд надорад
-
Гуо Ҷиакун, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин
Порс-Тудей. Вазорати корҳои хориҷии Чин дар ҳимоят аз оташбас байни Эрон ва Амрико таъкид кард, ки ҷанги ин ду кишвар ҳаргиз набояд оғоз мешуд ва ҳеҷ далеле низ барои идомаи ҷанг алайҳи Эрон вуҷуд надорад.
Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз ИРНА, Гуо Ҷиакун, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин рӯзи ҷумъа дар бораи мавқеи Пекин дар мавриди ҷанги Амрико зидди Эрон гуфт: Ин ҷанг аз ҳамон ибтидо набояд иттифоқ меафтод ва идомаи он ҳеҷ фоидае надорад.
Ӯ идома дод: Ёфтани роҳи зудҳангом барои ҳаллу фасли ин вазъият ба нафъи кишварҳои минтақа ва соири ҷаҳон аст.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин хостори талош барои ҳифзи ҳаракате шуд, ки ба самти коҳиши таниш эҷод шудааст ва пайгирии як тавофуқи сиёсӣ ва гуфтугӯву машварат барои дастёбӣ ба тавофуқ дар бораи масъалаи ҳастаии Эронро зарурӣ донист.
Ӯ афзуд: Муҳим аст, ки фавран ба як оташбаси ҷомеъ ва пойдор даст ёбем, сулҳ ва суботро ба минтақаи Ғарби Осиё ва халиҷи Форс бозгардонем ва заминаи эҷоди як меъмории амниятии пойдор барои минтақа фароҳам созем.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар дидоре серӯза ба Чин сафар карда ва бо Си Ҷинпин ҳамтои чинӣ ва соири мақомот мулоқот кардааст.