Австралия ва Зеландияи Нав сафирони режими саҳюнистиро эҳзор карданд
-
Penny Wong, вазири хориҷаи Австралия
Порс Тудей — Австралия ва Зеландияи Нав рафтори иҳонатомези режими саҳюнистиро бо фаъолони новгони «Ас-Сумуд» ғайриқобили қабул хонда ва сафирони ин режимро эҳзор карданд.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНО, Penny Wong, вазири хориҷаи Австралия бомдоди панҷшанбе бо ишора ба интишори филми боздошти иҳонатомези фаъолони новгони «Ас-Сумуд» дар баёнияе гуфт: «Тасовире, ки дидам такондиҳанда ва ғайриқобили қабул аст».
Вай афзуд: «Мо иқдомоти Бен Гвир, вазири исроилӣ, ки Австралия ӯро таҳрим кардааст ва иқдомоти таҳқиромези мақомоти Телавив бо боздоштшудагонро маҳкум мекунем».
Вазири хориҷаи Австралия гуфт, ки кишвараш сафири Исроилро дар ин робита эҳзор кард.
Winston Peters, вазири хориҷаи Зеландияи Нав низ дар ин робита ба вазоратхонааш дастур дод, то сафири Исроилро эҳзор ва «нигарониҳои ҷиддӣ»-и ӯро мустақиман мунтақил кунад.
Новгони ҷаҳонии «Ас-Сумуд» сешанбе эълом кард, ки режими саҳюнистӣ ҳамаи 50 киштии ҳомили фаъолон ва кумакҳои башардӯстона ба фаластиниёнро тавқиф кард. Ин новгон шомили 428 фаъол аз 44 кишвар буд, ки аз Мармариси Туркия ба роҳ афтода буд. Ёздаҳ нафар аз боздоштшудагон австралиягӣ ва се нафар низ зеландиягӣ ҳастанд.
Itamar Ben-Gvir, вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ видеои иҳонатомезе аз боздошти фаъолони «Ас-Сумуд» мунташир кард, ки дастҳои онҳо баста шуда ва водор шуда буданд зону бизананд.
Испания, Ирландия, Фаронса, Англия, Белгия, Ҳолланд, Италя, Словения, Юнон, Лаҳистон, Португалия, Канада, Кореяи Ҷанубӣ, Қибрис, Қатар, Туркия, Австрия ва Швейтсария аз ҷумла кишварҳое ҳастанд, ки ин иқдомро ба шиддат маҳкум карданд.
Австралия, Зеландияи Нав, Фаронса, Ҳолланд, Канада, Белгия ва Италя илова бар ин маҳкумият, сафирони режими саҳюнистиро низ эҳзор карданд.