Январ 25, 2017 20:13 Asia/Dushanbe
  • Рушди ҳамкориҳои Афғонистону Узбакистон

Дар ростои рушди ҳамкориҳо вазирони умури хориҷии Афғонистону Узбакистон панҷ санади ҳамкорӣ дар заминаи роҳу нақлиёт, амниятӣ, нақшабардорӣ (картография), дипломатӣ ва мубориза бо маводи мухаддир имзо карданд.

Ин аснодро Салоҳуддин Раббонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон ва Абдулазиз Комилов, ҳамтои узбаки ӯ дар ҳузури Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон дар Кобул имзо карданд. Ду тараф умедворанд, имзои ин тавофуқномаҳо ба оғози фасли тозае аз равобити Кобулу Тошканд анҷом меёбад.

Яке аз масоили муҳими таъсиргузор дар арсаи таҳаввулоти Афғонистон кишварҳои ҳамсоя ба воситаи миллатҳое ҳастанд, ки дар ду сӯйи марзҳо зиндагӣ мекунанд. Узбакҳо ба унвони чаҳорумин миллати таъсиргузор дар таҳаввулоти Афғонистон боис шудаанд, то Узбакистон на танҳо аз равобити хуби таърихӣ бо Афғонистон бархурдор бошад, балки ба навъе ба таҳаввулоти ин кишвар таъсиргузор аст. Баъд аз паштунҳо тоҷикҳо ва ҳазораҳо, узбакҳо бо ҳудуди дуюним миллион нафар ҷамъияти қавми турктабори Афғонистон ҳастанд, ки дар манотиқи шимоли ин кишвар зиндагӣ мекунанд. Равобити таърихӣ ва хуби Балх бо Бухоро аз ҳамкориҳои мардумию марзии Афғонистону Узбакистон ҳикоят менамояд. Аз ин рӯ, сафари вазири умури хориҷии Узбакистон ба Афғонистон ва имзои панҷ тавофуқномаи рушди ҳамкорӣ нишон медиҳад, ки Узбакистон дар садад аст, дар давраи ҷадиди таҳаввулоти сиёсии ин кишвар пас аз Ислом Каримов равобити худро бо кишварҳои ҳамсоя густариш диҳад.

Бахше аз ин ҳамкориҳо дар қолаби зарфиятҳои ду кишвар, аз ҷумла дар бахши роҳу нақлиёт, умури муҳандисию зерсохторӣ таъриф шудааст ва бахше низ аз нигарониҳои Кобулу Тошканд дар мавриди ифротгароӣ, терроризм ва маводи мухаддир сарчашма мегирад, ки қобили таваҷҷуҳ аст. Дар бахши транзити коло ва ҳамлу нақл Афғонистон мекӯшад, аз масири Узбакистон барои содироти колоҳои худ ба Русия ва кишварҳои аврупоӣ истифода кунад. Давлати Кобул низ муътақид аст, Афғонистон роҳи иртиботии муносибе барои Узбакистон ҷиҳати содироти колоҳояш ба кишварҳои ҳамсояи он мебошад. Бо ин ҳол, бистари ҳар гуна ҳамкории иқтисодӣ ва транзитӣ миёни Афғонистону Узбакистон амният аст, ки ҳарду кишвар ба далели даргир будан бо терроризм, маводи мухаддиру ҷараёнҳои ифротгаро бо чолишҳои ҷиддӣ дар ин хусус рӯ ба рӯ ҳастанд, ки саҳми Афғонистон бештар аз Узбакистон аст. Ба ҳамин далел яке аз паҳлуҳои муҳими тавофуқномаи ҳамкориҳои ду кишвар муқобила бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир аст.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки дар солҳои ахир хушунату фаъолиятҳои гурӯҳҳои хушунатталабу террористӣ ба шимоли Афғонистон кашида шудааст, кишварҳои ҳавзаи Осиёи Марказиро интиқол ёфтани терроризм ба ин ҳавза беш аз пеш нигарон мекунад. Бахусус ин нигаронӣ дар минтақа эҷод шудааст, ки Амрико дар як ҳаракати ҳадафманд ва ҳисобшуда дар садади интиқоли аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ аз Сурия ва Ироқ ба шимоли Афғонистон аст, то бо сомондиҳии муҷаддад ононро ба кишварҳои ҳавзаи Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва то марзҳои Чин расонад. Ба ҳамин далел яке аз нигарониҳои кишварҳои ин ҳавза, аз ҷумла Узбакистон таъмини амнияти марзҳои муштарак бо Афғонистон аст. Аз он ҷо ки Афғонистон аз ин нигарониҳои кишварҳои ҳамсоя бохабар аст, Салоҳуддин Раббонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон дар маросими имзои асноди ҳамкорӣ бо Ҳукумати Узбакистон таъкид кард, густариши ҳамкориҳо бо Тошканд дар бахши мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва соири таҳдидҳои муштараки амниятӣ дар авлавияти сиёсати хориҷии давлати Кобул қарор дорад.

 

Барчасп