Сафари раиси Ситоди муштараки артиши Амрико ба Фаластини ишғолӣ
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i122658-Сафари_раиси_Ситоди_муштараки_артиши_Амрико_ба_Фаластини_ишғолӣ
Порс-Тудей. Созмони радио ва телевизиони режими саҳюнистӣ дар гузорише эълом кард, ки раиси Ситоди муштараки артиши Амрико рӯзи ҷумъа вориди сарзаминҳои ишғолӣ мешавад.
(last modified 2025-10-31T12:03:51+00:00 )
Октябр 31, 2025 17:01 Asia/Dushanbe
  • Сафари раиси Ситоди муштараки артиши Амрико ба Фаластини ишғолӣ
    Сафари раиси Ситоди муштараки артиши Амрико ба Фаластини ишғолӣ

Порс-Тудей. Созмони радио ва телевизиони режими саҳюнистӣ дар гузорише эълом кард, ки раиси Ситоди муштараки артиши Амрико рӯзи ҷумъа вориди сарзаминҳои ишғолӣ мешавад.

Бар асоси эъломи расонаҳои режими саҳюнистӣ, генерал Дэн Кейн, раиси Ситоди муштараки артиши Амрико дар ин сафар бо мақомоти аршади низомии режими Исроил дар бораи иҷрои тавофуқи оташбас дар Ғазза гуфтугӯ хоҳад кард.

Созмони радио ва телевизиони режими саҳюнистӣ эълом кард, ки қарор аст ин мақоми низомии амрикоӣ дар ҷараёни сафари худ ба сарзаминҳои ишғолӣ, аз пойгоҳи амрикоӣ дар шаҳри Кариот Гот (ҷануб) боздид кунад.

Як мақоми вмрикоӣ, ки хост номи ӯ фош нашавад, пештар ба шабакаи 11 телевизиони режими саҳюнистӣ гуфта буд: Исроил (режим) бояд даст аз иқдомоти аҳмақонае, ки тавофуқро ба хатар меандозад ва имкони дастёбӣ ба як пешрафти минтақаиро аз байн мебарад, бардорад.

Ин расонаи режими саҳюнистӣ афзуд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фишорҳои ғайримаъмулӣ бар сарони ин режим ворид мекунад то тавофуқи марбут ба оташбас ва бозсозии Ғаззаро мухтал накунанд ва ба иҷрои ибтикори Доналд Трамп идома диҳанд.