Чеҳраи саршиноси расонаии Амрико : Бояд силии маҳкаме ба сурат(рӯй)и Трамп зад
-
Такер Карлсон-чеҳраи саршиноси расонаии Амрико
Порс тудей - Чеҳраи саршиноси расонаии Амрико ҳамлаи ваҳшиёнаи Амрико ба мадрасаи Шаҷараи тайибаи Миноб дар Эронро ғайри қобили бовар хонд ва гуфт : Доналд Трамп як мадрасаи духтаронаро бомбаборон кард ва баъд ҳатто узрхоҳӣ ҳам накард ; дилам мехоҳад як сили(зарба)и маҳкам ба сару рӯяш бизанам.
Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо , Такри Карлсон-чеҳраи саршиноси расонаии Амрико дар изҳороте дар канали ютюбии худ бо ишора ба инки тими Трамп ва Пит Ҳегсет-вазири ҷанги Амрико ҳаргиз барои ҳамлаи ваҳшиёна ба мадрасаи Шаҷараи тайибаи Миноб дар Эрон узрхоҳӣ ҳам накардаанд ва ҳатто дар ибтидо саъй дар инкори он низ доштаанд , баён кард : Дилам мехоҳад як силии муҳкам ба сурат Трамп бизанам.
Ин чеҳраи саршиноси расонае муҳофизакори амрикоӣ дар идома бо ишора ба бузургии ин ҷинояти ваҳшиёна , афзуд : Ҳатто пас аз гузашти муддатҳо бовари барқасдона будани ҳамла ба мадрасаи духтарона барои ман душвор аст.
Шабакаи англисии Скай ниюс пештар бо истинод ба назари ҳафт коршиноси мустақил ва баррасии тасвирҳои моҳвораии боқимондаҳои муҳимот ва шакли вайрониҳо , Амрикоро омили ҳамла ба мадрасаи Шаҷараи тайибаи Миноб ва ба шаҳодат расидани кӯдакони ин мадраса муаррифӣ карда буд .
Рӯзи нуҳуми исфанди соли 1404 ва 28 феврал дар нахустин соъатҳои таҷовузи Амрико ва режими саҳюнистӣ ба Эрон , мадрасаи Шаҷараи тайибаи Миноб дар ҷануби Эрон ҳадафи мӯшаки душмани саҳюн-амрикоӣ қарор гирифт, то ҷинояти ҷангии бетавҷеҳу огоҳонаи дигаре ба номи ҷониёни ҷаҳон сабт шавад.
Дар ин фоҷеъаи инсонӣ 168 кӯдаки духтару писар донишомӯзу теъдодӣ аз муаллимону коркунони мадриса ва волидайни донишомӯзони минобӣ ба шаҳодат расиданд .