Баҳои нафт афзоишӣ шуд
Август 10, 2026 11:06 Asia/Dushanbe
Порс Тудей – “Reuters” бомдоди душанбе гузориш дод, ки бо идомаи ибҳом бар сари бозгушоии тангаи Ҳурмуз қиммати ҷаҳонии нафт бори дигар афзоиш ёфт.
Ба гузориши Порс Тудей, хабаргузории “Reuters” гузориш дод, баҳои қарордодҳои ояндаи нафти хоми Бернати 1.20 доллар (муодили 1.44) дарсад афзоиш ёфт ва ба 84.79 доллар расид.
Ҳамчунин нафти хоми West Texas Intermediate низ бо 1.08 доллар (1.12 дарсад) афзоиш, 79.29 доллар муомила шуд.
Шабакаи Алҷазира ҳам гузориш дод, ки қиммати нафт дар муомилоти субҳгоҳии Осиё афзоиш ёфт, зеро ояндаи бозгушоии тангаи Ҳурмуз ҳамчунон бо адами қатъият ҳамроҳ аст.
Барчасп