Дархости расмии Туркия аз Интерпол барои дастгирии Натаняҳу
-
Бинямин Натаняҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ
Порс Тудей- Туркия расман аз Интерпол хоста аст то нахуствазири режими ҷинояткори саҳюнистиро дастгир кунад.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Ню-Йорк Таймс аз дархости расмии Туркия аз Полиси байналмилалии "Интерпол" барои дастгирии Бинямин Натаняҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ хабар дод.
Окин Гурлик вазири додгустарии Туркия ҷумъаи гузашта эълом карда буд, ки ин кишвар ҳукми боздошти байналмилалӣ барои Натаняҳу ва як исроилии дигар ба унвони бахши аз таҳқиқот дар мавриди тувқифи Новгони Самуд, ки дар моҳи май ба самри навори Ғазза дар ҳаракат буд ва боздошти мутаъоқиби фаъолони ҳозир дар он содир карда аст.
Вазири додгустарии Туркия таъкид кард: Иқдомоти қонуни бо қотеъияти комил дар мавриди ҳамла дар обҳои байналмилалӣ ба фаъолони "Новгони Самуд" ки барои расондани кумакҳои башардустона ба Ғазза ҳаракат карда буданд дар ҳоли анҷом аст.