Афзоиши қимати нафт дар сояи танишҳо дар халиҷи Форс
-
Афзоиши қимати нафт дар сояи танишҳо дар халиҷи Форс
Порс Тудей - Қимати ҷаҳонии нафт рӯзи панҷшанбе дар пайи идомаи нигарониҳо аз интиқоли нафт аз тавлидкунандагони Осиёи Ғарбӣ ва афзоиши ҳамлаҳо ба киштиҳо дар Халиҷи Форс ва гулӯгоҳи Ҳурмуз боло рафт.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, қимати муомилоти ояндаи нафти "Brent" ду доллару 28 сент, муъодили 2,28% афзоиш ёфта, ба 102 доллару 28 сент барои ҳар бушка расидааст. Қимати муомилоти ояндаи нафти хоми амрикоии "West Texas Intermediate" низ 1 доллару 66 сент, муодили 1,88% боло рафта, ба 89 доллару 94 сент расид.
Бар асоси ин гузориш, таҳдидҳо алайҳи интиқоли нафт дар Халиҷи Форс ва гулӯгоҳи Ҳурмуз дар моҳи октябр афзоиш ёфтааст. Қабл аз оғози ҷанг миёни Амрико ва режими саҳюнистӣ алайҳи Эрон, борҳои муодили ҳудуди 20 дарсади нафту сӯзишвории ҷаҳон аз он мегузаранд.