Лавров: Беҳбуди зудҳангоми равобити Русия бо Амрико мумкин нест
Вазири умури хориҷаи Русия беҳбуди зудҳангоми равобити ин кишвар бо Амрикоро, ки тақрибан ба нуқтаи таваққуф расидааст, номумкин хонд.
Ба гузориши ИРНА, Сергей Лавров гуфт, мавозеи раиси ҷумҳурии Амрико дар бораи барқарории равобити хуб байни Маскаву Вашингтон мусбат аст, аммо то беҳбуди равобит фосилаи зиёде ҳаст.
Лавров тирагии равобити Русияву Амрикоро мероси давраи ҳукумати Барак Абама, раиси ҷумҳурии собиқи Амрико донисту афзуд, беҳбуди равобити дуҷониба ниёзманди замону талоши зиёде аст.
Дар ҳамин ҳол, шабакаи хабарии Си Эн Эн аз нахустин гуфтугӯи телефонии Доналд Трамп дар мақоми раиси ҷумҳур, бо Владимир Путин дар рӯзи шанбе хабар дод.
Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл низ ахиран аз омодагии раиси ҷумҳурии Русия барои мулоқот бо Доналд Трамп, ҳамтои амрикоии худ хабар дод, аммо гуфт, фароҳам овардани муқаддамоти ин мулоқот ба моҳҳо замон ниёз дорад.
Аз соли 2012 равобити Амрико бо Русия рӯ ба тирагӣ ниҳодааст.
Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин аз соли 2014 бо тарҳи иттиҳоми дахолати Русия дар даргириҳои шарқи Украина ва кӯмак ба мухолифони давлати Киев, маҷмӯае аз таҳримҳои иқтисодии зиддирусиро ҷорӣ кардаанд, ки вокуниши ҳамсони Маскавро дар пай доштааст.