Музокироти Сурия дар Женева ба таъхир афтод
Музокироти сулҳи Сурия дар Женева, ки қарор буд пас аз ҳудуди ҳашт моҳ таваққуф, ҳаштуми феврал оғоз шавад, ба охирҳои феврал гузошта шуд.
Ба гузориши рӯзномаи “Вашингтон пост”, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия рӯзи ҷумъа эълом кард, ки Созмони милали муттаҳид баргузории музокироти Женева байни тарафҳои суриро аз ҳаштуми феврал ба авохири феврал гузоштааст.
Рӯзҳои душанбе ва сешанбеи гузашта, Остона, пойтахти Қазоқистон мизбони нишаст барои ҳалли буҳрони Сурия буд.
Ин нишаст бо ибтикори Эрон, Русия ва Туркия бо ҳадафи баррасии роҳҳои ҳалли буҳрони Сурия ва фароҳам шудани заминаи музокироти Женева баргузор шуд.
Сурия аз шаш соли пеш саҳнаи хушунати гурӯҳҳои террористии мавриди ҳимояти бархе кишварҳо, аз ҷумла Амрико, Фаронса, Англия, Туркия, Арабистон ва Қатар аст.