Январ 28, 2017 20:21 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз нахустин дорӯи эронии дармони фаромӯшхотирӣ

Нахустин дорӯи гиёҳдармонии фаромӯшхотирӣ (Альцгеймера) дар Эрон ва ҷаҳон, ки бо талоши мутахассисон ва донишмандони эронӣ дар ин кишвар тавлид шудааст, дар устони Албурз-ғарби Теҳрон, рӯнамоӣ шуд.

Сайидҳасан Қозизодаи Ҳошимӣ-вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, рӯзи шанбе дар маросими рӯнамоӣ аз ин дорӯ, дар пажӯҳишкадаи ҷиҳоди донишгоҳии Албурз гуфт, 90 дарсади дорӯи мавриди ниёз дар дохили Эрон тавлид мешавад ва аз мутахассисон ва тавлидкунандагони эронӣ интизор меравад, барои афзоиши тавлиди эҳтимоми вижа дошта бошанд.

Шамсалӣ Ризозода, раиси пажӯҳишкадаи гиёҳони дорӯии ҷиҳоди донишгоҳии Эрон низ гуфт, муҳаққиқони ҷиҳоди донишгоҳӣ бо баҳрагирӣ аз донишкуҳан ва эронӣ дар дармони мушкилоти мағзӣ ва низ бо баррасии мутолиоти рӯзи дунё дар ин замина тавонистанд, дорӯи арзишманди дармони фаромӯшхотириро тавлид кунанд.

Шоҳин Охундзода-қоиммақоми муовини таҳқиқот ва фановарии вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳам дар ҳошияи рӯнамоӣ ва ифтитоҳи хатти тавлиди ин дорӯ, гуфт, бо талоши муҳаққиқони эронӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мутолиа ва тавлиди дорӯи дармони фаромӯшхотирӣ дар ҷаҳон пешгом аст.

Охундзода афзуд, мутолиаи дорӯи гиёҳии фаромӯшхотирӣ нахустин бор дар ҷаҳон дар Эрон анҷом шуд ва дар соли 2000, ин дорӯ зидди изтиробӣ дар ҳамаи сайтҳои тахассусии дунё ба номи Эрон ба сабт расид.

Барчасп