Иқдоми ҷадиди Трамп алайҳи мусалмонон
Бар асоси фармони иҷроии Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико таҳти унвони “Ҳифозат аз миллат дар муқобили вуруди террористҳои хориҷӣ ба Иёлоти Муттаҳида”, ки рӯзи ҷумъа ба имзои вай расид, судури раводид барои атбои кишварҳои ба истилоҳ музир барои манофеи Иёлоти муттаҳида ба муддат 90 рӯз таълиқ шудааст.
Ин бозаи замонӣ дар пешнависи фармон 30 рӯз буд. Ин фармон шомили ҳоли атбои дастикам ҳафти кишвари Эрон, Ироқ, Сурия, Яман, Либия, Судон ва Сомалӣ мешавад. Ин фармон ҳамчунин барномаи пазириши паноҳҷуён ба Амрикоро низ ба муддати 120 рӯз таълиқ мекунад ва сақфи пазириши паноҳҷуро 50 дарсад коҳиш медиҳад .
Трамп дар воқеъ дар ростои ваъдаҳои интихоботии худ мабнӣ бар ҷилавгирӣ аз вуруди мусалмонон ба Амрико фармони иҷроии ахирро содир кард .
Баҳонаи вай ҷилавгирӣ аз вуруди афроде ба Амрикост, ки эҳтимоли мубодират ба амалиёти террористӣ аз ҷониби онҳо вуҷуд дорад, бо ин ҳол пурсише, ки матраҳ аст, ин аст, ки оё бо таваҷҷуҳ ба савобиқи иқдомоти террористии чанд соли ахир дар Амрико, оё атбои кишварҳои ҳафтгона дар онҳо мудохила доштаанд ё инки бисёре аз террористҳое, ки мубодират ба ингуна иқдомот кардаанд, аз атбои кишварҳои дӯсти Амрико будаанд. Мисоли боризи ин масъала террористҳои омили ҳодисаи 11 сентябр 2001 буданд, ки ба изъони мақомоти амниятии Амрико 15 нафар аз 19 омили ҳамалоти 11 сентябр аз атбои Арабистони Саудӣ буданд. Омилони ҳодисаи террористии Сан-Бернардинои Калифорния дар 2 декабри 2015 низ зану шавҳаре покистонӣ буданд ва ё омили ҳодисаи террористии Орландо дар 12 июни 2016, ки 50 кушта бар ҷой гузошт, як амрикоии афғонтабор буд. Бадин тартиб мушаххас мешавад, ҳадафи воқеии Трамп аз судури ин фармони иҷроӣ беш аз инки ба истилоҳ ҷилавгирӣ аз вуруди террористҳо ба хоки Амрико бошад, таҳти фишор қарор додани атбои кишварҳоиест, ки равобити пуртанише бо Амрико доранд.
Ба назар мерасад, рӯйдодҳои террористии ахир дар Аврупо баҳонаи лозим барои Трамп ба манзури иҷрои тарҳҳои зидди мусалмонони вайро фароҳам сохтааст. Акнун бо судури фармони иҷроии ахир, нигарониҳо дар бораи афзоиши ҷави зидди исломӣ ва иқдом алайҳи мусалмонон дар Амрико дар байни мусулмонони ин кишвар шиддат ёфтааст. Нуктае, ки бояд дар заминаи иддаои Трамп алайҳи ислом ва мусалмонон ба он ишора кард, ин аст, ки танҳо шумори бисёр маъдуде аз мусалмонон, ифротгаро буда ва дар айни ҳол аксарияти қотеи мусалмонон бавижа дар Амрико бо иқдомоти хушунатгароёнаи ин афроди ифротгаро башиддат мухолиф ҳастанд. Ба ин тартиб оё дуруст аст, ки ба сарфи анҷом додани иқдомоти хушунатомез аз ҷониби афроди бисёр маъдуде, ки шумори онҳо дар муқоиса бо маҷмуи мусалмонон асосан ба ҳисоб намеояд, ингуна иқдомотро ба ҳисоби ҳамаи мусалмонон гузошт ва бархурди ғайримунсифона ва ноодилона бо ҳамаи онҳо дошт. Иқдоме, ки Трамп бо судури фармони иҷроии худ ба он мубодират карда, яънии мамнуияти вуруди мусалмонон ба Амрико, дар воқеъ ба масобеҳи муҷозоти ҷамъии мусалмонон дар Амрико ва хориҷ аз Амрикост .