Дастури зиддимуҳоҷиратии Трамп таълиқ шуд
Як додгоҳи федералӣ дар шаҳри Сиэтли Амрико рӯзи ҷумъа дастури Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрикоро дар бораи манъи судури раводиди барои шаҳрвандони ҳафт кишвари исломӣ ба таври муваққат дар саросари Амрико мутаваққиф кард.
Ҳукми муваққатии ин додгоҳ чолиши муҳиме барои иқдоми раисҷумҳури Амрико аст, ҳарчанд Ҳукумати Амрико мумкин аст, алайҳи ин ҳукм фарҷомхоҳӣ кунад ва ба иҷрои сиёсати худ идома диҳад.
Ҷеймз Роберт, ки додрасе мансуб ба даврони Ҷорҷ Буш аст, ин ҳукмро бо таъсири фаврӣ содир ва эълом кард, ки маҳдудиятҳои мусофиратӣ бояд фавран бардошта шавад.
Манобеи хабарӣ гузориш доданд, ки Идораи гумрук ва ҳифозати марзии Амрико дар пайи ин ҳукм ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ эълом кард, мусофиронеро, ки таҳти таъсири фармони Трамп қарор гирифтаанд, савори ҳавопаймоҳо кунанд. Якшанбе гузашта низ Анн Донли, додраси федералии Амрико дар вокуниш ба дастури Трамп, ки боиси саргардон шудани садҳо тан аз мусофирони хориҷӣ дар фурудгоҳҳои Амрико шуда буд, дар ҳукме ба ин афрод иҷозаи иқомати муваққат дар хоки Амрикоро дод.
Вазорати умури хориҷии Амрико эълом кард, ки дар ҳоли баррасии ҳукми додгоҳи федералии Сиэтл алайҳи дастури манъи судури раводид барои шаҳрвандони ҳафт кишвари мусалмоннишин аст.
Доналд Трамп, раисҷумҳури ҷадиди Амрико ҷумъаи гузашта, 27 январ фармони роҳандозии маҳдудиятҳои густурда барои вуруди паноҳҷӯён ва муҳоҷирони кишварҳои мусалмоннишин ба хоки Амрикоро имзо кард. Дар пайи судури ин фармон Вазорати умури хориҷии Амрико эълом кард, ки барои шаҳрвандони кишварҳои Ироқ, Сурия, Эрон, Судон, Либия, Сомалӣ ва Яман дар се моҳи оянда раводид содир нахоҳад шуд. Судури ин ҳукм дар як ҳафтаи гузашта вокуниши бисёре аз кишварҳои ҷаҳонро дар пай доштааст.