Феврал 04, 2017 17:33 Asia/Dushanbe
  • Гузориши Созмони Милал аз куштори мусулмонони Миянмар

Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, ки нерӯҳои амниятии Миянмар ҳуқуқи башарро ба таври густурда нақз карда ва ба амалиёти куштори гурӯҳӣ, алайҳи мусулмонони ин кишвар муртакиб шудаанд.

СММ таъкид кард, ки неруҳои амниятии Миянмар (Бирма) ба куштори гурӯҳӣ, таҷовуз зери таҳдиди силоҳ, лату куби шадид ва қатли кӯдакони мусулмон дар ин кишвар иқдом кардаанд.

Созмони Милал дар ин гузориш бо беш аз 200 хонаводаи ақаллияти мусулмонони Рухин, ки аз Миянмар ба Бангладеш фирор кардаанд, мусоҳиба кардааст.

Дар ин гузориш омадааст, ҳудуди 65 ҳазор мусулмони Рухин аз Миянмар ба Бангладеш фирор кардаанд.

Бар асоси ин гузориш, ниме аз мусоҳибашавндагон эълом кардаанд, ки яке аз аъзои хонаводаи онҳо кушта шудааст.

Бар асоси ин мусоҳибаҳо, неруҳои амниятӣ ё артиши Миянмар садҳо хона, мадраса, бозор, фурӯшгоҳ ва масҷиди мусулмонони Рухинро оташ задаанд.

Дар гузориши Созмони Милал ҳамчунин омадааст, артиши Миянмар хонаҳои мардуми Рухинро бо вуҷуди сокинонаш дар он, ба таври амдӣ оташ мезанад ва мусулмонони Рухинро маҷбӯр кардааст, ки то вориди хонаҳои дар ҳоли сӯхтан шаванд.

Ҳудуди 70 ҳазор овораи мусулмони Рухин ахиран ба далели хушунатҳои хунини артиш ва буддоиёни ифротӣ дар Миянмор ба Бангладеш гурехтаанд.

Барчасп