Феврал 05, 2017 15:53 Asia/Dushanbe
  • Номзадии Жириновский дар интихоботи раёсатҷумҳурии Русия

Ноиби раиси пешини маҷлиси Думо ва раҳбари Ҳизби либерал - демократи Русия, номзади интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар мешавад.

Ба гузориши РИА Новости, Владимир Жириновский  рӯзи шанбе аз тасмими худ барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли  2018-и Русия барои шашумин бор хабар дод.

Рафторҳои пархошгарона ва аҷиби Жириновский дар муносибатҳо ва дар баробари чеҳраҳои мухталиф, ӯро бештар дар конуни таваҷҷуҳот қарор  додааст.

Раҳбари Ҳизби либерал - демократи Русия, токунун дар панҷ давраи ҳузур дар интихоботи раёсатиҷумҳурии Русия, орои камтар аз 10 дарсадро ба худ ихтисос дода, ки нишон аз маҳбубияти бисёр поини ӯ дар ин кишвар аст.

Барчасп