Феврал 05, 2017 18:22 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти саросарии мардуми Тунис зидди Трамп

Шаҳрвандони тунисӣ бо баргузории тазоҳуроте густарда дар пойтахти ин кишвар, аҳкоми нажодпарастонаву зиддимуҳоҷиратии раиси ҷумҳурии Амрикоро маҳкум карданд.

Ба гузориши хабаргузории “СИНХУА”, шаҳрвандони тунисӣ рӯзи якшанбе бо дар даст доштани порчаи навиштаҳое зимни маҳкумияти фармони зиддимуҳоҷиратии Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико, ин иқдомро ғайриқонунӣ ва тавҳини ошкор ба мусулмонони ҷаҳон тавсиф карданд.

Тазоҳуркунандагон ҳамчунин бо сар додани шиорҳое зидди Трамп, таҷдиди назар дар фармони иҷроии зиддимуҳоҷиратии раиси ҷумҳурии Амрикоро хостор шуданд.

Бар асоси фармони раиси ҷумҳурии Амрико, шаҳрвандони кишварҳои Эрон, Ироқ, Судон, Сомали, Либия, Сурия ва Яман се моҳ иҷозаи вуруд ба Амрикоро нахоҳанд дошт.

Тасмими ахири зиддимуҳоҷиратии Трамп мавҷе аз мухолифатҳои дохиливу байналмилалӣ, ба вижа дар маҳофили донишгоҳии Амрикоро ба ҳамроҳ доштааст.

 

Барчасп