Трамп: Саудиҳо саҳми моро пардохт кунанд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i13105-Трамп_Саудиҳо_саҳми_моро_пардохт_кунанд
Раисҷумҳури Амрико аз Саудиҳо интизор дорад, Арабистон бо пули худ ҳазинаи ҳимояти Амрико аз Оли Саудро бипардозад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 07, 2017 15:50 Asia/Dushanbe

Раисҷумҳури Амрико аз Саудиҳо интизор дорад, Арабистон бо пули худ ҳазинаи ҳимояти Амрико аз Оли Саудро бипардозад.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Доналд Трамп, ки барои ҷомаи амал пушондан ба ваъдаҳои интихоботии худ дар заминаи коҳиши шикофи табақотӣ, эҷоди шуғл, ҷуброни касрии буҷет ва ҳалли муъзалоти Амрико дар бахши иқтисодӣ даст ба кор шудааст, ниёз ба пул дорад ва интизор дорад, Арабистони Саудӣ ин пулро таъмин кунад .

Трамп бо баёни инки ҳар вақт иттифоқе барои саудиҳо меафтад, Амрико ба кумаки онҳо меравад, афзуд: Саудиҳо рӯзона як миллиард доллар даромад доранд ва бояд саҳми Амрикоро дуруст бипардозанд .

Ба гуфтаи раисҷумҳури Амрико, ин кишвар 19 ҳазор миллиард доллар қарздор аст ва имсол қарздортар ҳам мешавад .