Феврал 08, 2017 15:40 Asia/Dushanbe
  • Амрико дар масири душманӣ бо Русия

Бо вуҷуди изҳороти Доналд Трамп дар муборизоти интихоботӣ ва пас аз оғози кор дар симмати раёсатҷумҳурии Амрико дар ростои беҳбуди равобит бо Русия акнун ҳукумати ӯ маркази ҷанги иттилоотӣ алайҳи ин кишвар роҳандозӣ кард.

Ин марказ фаъолияи худро аз тариқи як муассисаи вобаста ба умури хориҷии Амрико бо номи Маркази ҳамкориҳои ҷаҳонӣ барои ҷанги иттилоотӣ алайҳи Русия анҷом медиҳад. Амрико пештар, дар авҷи ҷанги сард маркази мушобеҳе барои мубориза бо таблиғоти Русия таъсис дода буд, ки рафта-рафта короии худро аз даст дод. Ҳамчунин тарҳи роҳандозии ин маркази ҷадид тавассути Барак Обама, раисҷумҳури собиқи Амрико таҳти унвони мубориза бо гурӯҳи террористии ДИИШ кори худро оғоз кард, ки акнун ва андаке пас аз рӯйи кор омадани Трамп ба маркази ҷанги иттилоотӣ алайҳи Русия табдил шудааст. Барномаҳои аслии ин марказ роҳандозии маъракаи таблиғотӣ дар хориҷ, таҳлили умур ва мубориза бо ҷараёнҳои мухолифи сиёсатҳои Амрико дар ростои ҷанги иттилоотӣ бо Русия унвон шудааст.

Роҳандозии маркази ҷанги иттилоотии Амрико алайҳи Русия нишонаи беэътимодии ҳукумати Трамп ба ҳукумати Путин ва дар воқеъ, идомаи душмании Вашингтон алайҳи Маскав аст. Агарчи Трамп ҳини муборизоти интихоботӣ ва пас аз қарор гирифтан дар раъси қудрати иҷроияи Амрико эълом кард, бар хилофи сиёсатҳои Барак Обама, раисҷумҳури собиқи ин кишвар ба дунболи беҳбуди равобит бо Русия аст, ки ин суханон то ҳадде боиси умедворӣ дар Маскав шуд, аммо раисҷумҳури ҷадиди Амрико муддате аст, ки беҳбуди равобит бо Русияро вобаста ба тарки сиёсатҳои ҳуҷумии Маскав ва амалӣ кардани хостаҳои Вашингтон кардааст. Ҳамчунин дар ҳоле ки Трамп пештар ҷиҳати аз байн бурдани НАТО сухан гуфта буд, аммо нерӯҳо, ҷангафзорҳои Амрико, аъзои НАТО пас аз рӯйи кор омадани ӯ дар 20-уми январ дар манотиқи шарқи Аврупо дар чорчӯби муҳосира ва заиф кардани Русия мустақар мешаванд; зимни ин ки раисҷумҳури ҷадиди Амрико, ахиран, аз ҳимояти қавии кишвараш аз НАТО сухан гуфт. Таҳримҳои дусолаи Амрико алайҳи Русия дар пайи буҳрони Украина низ лағв нашуда, Трамп, ахиран, ба Ҳукумати Украина дар бораи кӯмак ба ин кишвар дар баробари таҳдидҳои Русия ваъда додааст.

Дар воқеъ, иқдомоти зиддирусии ҳукумати Обама дар ҳукумати Трамп низ идома ёфта, ин масъала мӯҷиб шудаааст, то беэътимодии Маскав ба рақиби суннатӣ ва деринаи худ, Вашингтон идома ёбад ва бархе аз мақомоти аршади Ҳукумати Русия низ эълом кунанд, ки тазоди манофеъ ва печидагии равобити ду кишвар ба гунае аст, ки оддисозии ин равобит душвор хоҳад буд.

Идомаи таҳрими Амрико ва муттаҳидони ин кишвар алайҳи Русия, густариши НАТО бо фармондеҳии Амрико ба самти шарқи Аврупо ва акнун роҳандозии маркази ҷанги иттилоотии Амрико алайҳи Русия ҳамагӣ нишонаҳое аз ташдиди фишор алайҳи Маскав аст ва дар ҳамин росто Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо судури фармоне ба нерӯҳои ин кишвар дастур дода, то барои замони ҷанг омода шаванд. Бино ба гуфтаи Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дар иҷрои фармони Путин иқдомоти лозим барои омодагии низомӣ ва размии нерӯҳои рус оғоз шудааст.

Русҳо медонанд, ки рӯҳияи ҷанги сард дар миёни сиёсатмадорону низомиёни америкоӣ аз байн нарафта ва дар ҳамин росто ҳукумати Путин бояд омодагии дифоию амниятии кишварашро дар баробари таҳдиди душман ҳифз кунад. Русҳо, ахиран, бо истиқрори нерӯ ва ҷангафзорҳои ҷадид дар марзҳои ғарбияшон омодагии худро барои мубориза бо таҳдидоти рӯзафзуни НАТО ва Амрико нишон доданд. Ин омодагӣ аз ин ҷиҳат аҳамият дорад, ки Амрико ва Русия пас аз ҷанги сард тартиботи амниятии босубот барои ҳалли масоили худ эҷод накардаанд ва рақобату душмании тарафайн барои густариши ҳавзаи нуфуз, бавижа дар шарқи Аврупо идома дорад.

 

Барчасп