Феврал 12, 2017 12:54 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти курдҳои Фаронса зидди давлати Туркия

Ҳазорон нафар аз курдҳои сокини шарқи Фаронса, зидди давлати Туркия тазоҳурот карданд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, ҳудуди 15 ҳазор нафар аз шаҳрвандони курди сокини Страсбург-шарқи Фаронса, рӯзи шанбе бо ҳузур дар хиёбонҳо, саркӯби курдҳо аз сӯи давлати Туркияро маҳкум карданд. Бар асоси ин гузориш, муътаризони курд бо сардодани шиорҳое, ҳамчунин озодии Абдуллоҳ Оҷалон-раҳбари зиндонии Ҳизби коргарони Курдистони Туркия (ПКК) аз сӯи давлати Анкараро хостор шуданд.

Курдҳои сокин дар кишварҳои Олмон, Белгия ва Люксембург низ бо сафар ба шаҳри Страсбург, дар тазоҳуроти курдҳои ин шаҳр зидди давлати Туркия ширкат карданд.

Барчасп