Феврал 12, 2017 18:31 Asia/Dushanbe
  • Лавров: Амрико бояд Ҳизбуллоҳи Лубнонро ба расмият бишносад

Вазири умури хориҷаи Русия изҳор дошт, ки Амрико бояд Ҳизбуллоҳро барои мубориза бо ДИИШ ба расмият бишносад.

Ба гузориши РИА "Новости", Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии НТВ гуфт, Амрико бояд Ҳизбуллоҳи Лубнонро, ки мавриди ҳимояти Эрон аст ва бо ДИИШ низ мубориза мекунад, ба расмият бишносад.

Вай хотирнишон кард, акнун душманӣ миёни Эрон ва Амрико камтар аз замони Абама нест.

Агар барои Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии ҷадиди Амрико, мубориза бо терроризми байналмилалӣ аввлавият дорад, бинобар ин бояд Ҳизбуллоҳи Лубнонро ба расмият бишносад ва онро ба унвони як воҳид, ки бо ДИИШ дар Сурия мубориза мекунад, қабул кунад.

 Лавров дар идома гуфт, “агар бихоҳем бо таваҷҷуҳ ба воқеиёт амал кунем, бояд Ҳизбуллоҳро дар мубориза бо ДИИШ бипазирем”.