Пирамарди 70- сола рекорддори мадракҳои донишгоҳӣ дар ҷаҳон + видео
https://parstoday.ir/tg/news/world-i13398-Пирамарди_70_сола_рекорддори_мадракҳои_донишгоҳӣ_дар_ҷаҳон_видео
Марди ҳафтодсолаи итолиёӣ, ки то кунун 15 мадраки донишгоҳӣ дарёфт кардааст, дар пайи касби шонздаҳумин мадраки худ аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 14, 2017 11:33 Asia/Dushanbe

Марди ҳафтодсолаи итолиёӣ, ки то кунун 15 мадраки донишгоҳӣ дарёфт кардааст, дар пайи касби шонздаҳумин мадраки худ аст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Лучёно Боити, ки дар Италия ба “подшоҳи мадорики донишгоҳӣ” маъруф аст, соҳиби понздаҳ мадраки коршиносӣ ва коршиносии аршад аз донишгоҳҳои саросари Италия аст.

 Лучёно ҳар рӯз соати сеи субҳ аз хоб бармехезад ва китобҳои дарсиашро мутолиа мекунад.

Китоби рекордҳои ҷаҳонии “Гиннес” низ номи ин марди итолиёиро ба сабт расондааст.

Лучёно Боити ҳадафи худ аз ин корро нишон додани тавоноии мағз унвон карда ва гуфтааст, ки бо мутолиаи китоб эҳсоси озодӣ мекунад.

Вай нахустин мадраки таҳсилиашро дар 22 то 23 солагӣ гирифта ва баъд аз он дар 50 солагӣ бори дигар шурӯъ ба таҳсил кардааст.