Феврал 15, 2017 13:31 Asia/Dushanbe
  • Русия: Фоҷиаи инсонии Яман камтар аз Сурия нест

Генадий Готилов муовини вазири умури хорҷаи Русия гуфт: Дар Яман фоҷиаҳои инсонии ногуворе сурат мегирад ва фоҷиаи Яман камтар аз ҳаводиси Сурия нест.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Готилов дар маросими ифтитоҳи конфронси бошгоҳи улгуии Созмони Милали Муттаҳид дар Маскав бо интиқод аз сукути баъзе кишварҳои ғарбӣ дар баробари фоҷиаҳои инсонӣ дар Яман афзуд: Буҳрони инсонӣ дар ин кишвари фақири арабӣ зиндагии 80 дарсади яманиҳоро дар маърази хатар қарор додааст.

Муовини вазири умури хориҷаи Русия таъкид кард: Яман шоҳиди як фоҷиаи инсонӣ ва хоҳони як роҳи ҳалли ҷиддӣ аст.

Вазорати умури хорҷаи Русия нахустин бор якуми апрели 2015 андаке пас аз ҳамлаи Арабистони Саудӣ ба Яман, ба ин иқдом вокуниш нишон дод ва таваққуфи ҳар гуна амалиёти низомӣ дар Яманро хостор шуд.

Арабистони Саудӣ 26 марти 2015 дар саркардагии эътилофе аз баъзе кишварҳои арабӣ ҳамлаҳои ҳамаҷонибаеро ба Яман оғоз кард.

 

Барчасп