Посухи манфии Русия ба Трамп
https://parstoday.ir/tg/news/world-i13454-Посухи_манфии_Русия_ба_Трамп
Русия эълом кард: Қрим бозпас доданӣ нест.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 15, 2017 13:05 Asia/Dushanbe
  • Посухи манфии Русия ба Трамп

Русия эълом кард: Қрим бозпас доданӣ нест.

Ба гузориши ИРНА, ин мавзеъи қотеъи Русия дар ҳоле эълом мешавад, ки Шон Спайсер, сухангӯи Кохи Сафед рӯзи гузашта гуфт, Доналд Трамп интизор дорад, давлати Русия танишҳоро дар Украина коҳиш диҳад ва Қримро ба ин кишвар бозгардонад.

Мария Захарова, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия рӯзи чаҳоршанбе дар конфронси матбуотии ҳафтагии худ гуфт, Русия қасд надорад минтақаи Қримро ба Украина бозгардонад.

Вай афзуд, қаламрави кишвар мо ба ҳеҷ кишваре вогузор намешавад ва Қрим низ бахше аз Русия аст.

Қрим воқеъ дар соҳили Дарёи Сиёҳ, дар соли 2014 пас аз баргузории як ҳамапурсӣ ба хоки Русия мулҳақ шуд, аммо Украина ва кишварҳои ғарбӣ ба саркардагии Амрико, Русияро ба «ишғол»-и ин минтақа муттаҳам мекунанд.