Интизори Гурӯҳи бист барои ибҳомзудоӣ аз сиёсатҳои давлати Амрико
Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷаи Амрико дар аввалин сафари хориҷии худ роҳии Берни Олмон шуд то дар ҷамъи ҳамтоёни хеш аз Гурӯҳи бист, мавозеи ҷадиди давлати ин кишварро дар қиболи мавзӯоти муҳими ҷаҳонӣ баён кунад.
Аз замони рӯйи кор омадани давлати ҷадид дар Амрико ба раёсати Доналд Трамп, ҷаҳон бо навъе ибҳом ва сардаргумӣ дар қиболи мавозеи ин кишвар мувоҷеҳ шудааст. Ҳамзамон нигарониҳо аз бархе ваъдаҳои давлати ҷадиди Амрико, нигарониҳоро дар сатҳи ҷаҳонӣ, ба вижа муттаҳидони Вашингтон дар созмонҳое ҳамчун Иттиҳоди Аврупо, НАТО ё Гурӯҳи бист эҷод кардааст.
Ба унвони мисол, ҳанӯз ҷанбаҳое аз шиори "Амрикоро дубора қудратманд хоҳем сохт", "Аввал Амрико" ё "Амрикоӣ бихар, амрикоӣ истихдом кун" равшан нашудааст. Барои муттаҳидони Амрико дар Гурӯҳи бист, ки тасмимоташон бар иқтисоди ҷаҳон таъсир мегузорад, иҷрои чунин шиорҳо аз сӯйи давлати Трамп метавонад муносиботи кунуниро барҳам зада ва заминаи мушорикати ҷамъӣ дар ҷиҳатдиҳӣ ба низоми иқтисоди байналмилалро коҳиш диҳад. Трамп ваъда додааст, ки бар сари интиқоли сармояҳои Амрико ба хориҷ аз марзҳои ин кишвар монеъ эҷод кунад то аз ин тариқ феҳисти шуғлии ҷадиде барои коргарони амрикоӣ эҷод шавад.
Ин дар ҳоле аст, ки бархе аз аъзои Гурӯҳи бист ҳамчун Чин, Канада ва кишварҳои аврупоии узви ин ташаккул, сиёсати таҳарруки озодонаи сармояро думбол мекунанд. Пайванд задан миёни дидгоҳи ду тараф, чолиши муҳиме пеши рӯйи вазири умури хориҷаи ҷадиди Амрико хоҳад буд.
Ин ихтилофи назар миёни давлати ҷадиди Амрико ва аъзои Гурӯҳи бист сирфан маҳдуд ба масоили иқтисодӣ ва тиҷорӣ нест. Трамп сароҳатан эълом кардааст, ки тааҳҳудоти Амрико дар қолаби паймони тағйироти обуҳавоии Парижро намепазирад. Хуруҷи эҳтимолии Амрико ба унвони бузургтарин тавлидкунандаи газҳои гулхонаӣ аз паймони Париж, зарбаи сангине ба аврупоиҳо ворид хоҳад кард. Кишварҳои Аврупо ҷиддан думболи танзими муқаррароти байналмилалӣ бо ҳадафи коҳиши табаоти манфии тағйироти обуҳавоӣ ҳастанд. Дар ҳоле, ки ба назар мерасад давлати ҷумҳурихоҳи Трамп, тамоюле ба пайравӣ аз дидгоҳи аврупоиҳо дар ин хусус надорад.
Ҳамзамон миёни Амрико ва дигар кишварҳои Гурӯҳи бист бар сари мавзӯи муҳоҷират ва муқобила бо падидаи паноҳҷуёни ҷангӣ ихтилофи назари амиқ вуҷуд дорад. Иттиҳоди Аврупо ва Созмони милал ба ҳамроҳи бархе аз аъзои Гурӯҳи бист таъкид доранд, ки кишварҳои ҷаҳон дар пазириши муҳоҷирон ва паноҳҷуёни ҷангӣ ҳамроҳӣ кунанд то ҷаҳон қодир бошад яке аз мушкилоти нигаронкунандаи асри ҳозирро сомондиҳӣ кунад. Аммо давлати Амрико на фақат бо ин дидгоҳ ҳамроҳӣ надорад, балки дар иқдоме ҷанҷолӣ вуруди паноҳҷуёни сурӣ ба Амрикоро то ояндаи номаълум мамнуъ эълом кардааст.
Ҳамчунин дар фармони иҷроии Трамп вуруди атбои 7 кишвари исломӣ ва паноҳҷуёни ғайрисурӣ ба хоки Амрико барои 90 ё 120 рӯз мамнуъ шуд. Гарчӣ иҷрои ин фармон бо ҳукми қазоӣ дар Амрико муваққатан мутаваққиф шудааст, бо ин ҳол баёнгари рӯйкарди зиддимуҳоҷиратӣ ва зиддипаноҳҷӯии давлати ҷадиди ин кишвар ба шумор меояд. Идомаи чунин рӯйкардҳое бар муносиботи Амрико бо бархе аз кишварҳои узви Гурӯҳи бист таъсири манфӣ хоҳад гузошт.
Да ниҳоят ин ки ҳанӯз мушаххас нест, ки давлати ҷадиди Амрико қасд дорад чӣ рӯйкардеро дар қиболи Чин дар пеш бигирад. Трамп аз як сӯ хоҳони сахтгириҳои тиҷорӣ миёни Амрико ва Чин шудааст ва аз сӯйи дигар тардидҳоеро дар мавриди сиёсати Чини воҳид ва мамнуияти тамос миёни Амрико ва Тайванро дар пеш гирифтааст. Амрико ва Чин қудратмандтарин аъзои иқтисодии Гурӯҳи бист ҳастанд. Бидуни ҳамкорӣ миёни ин ду кишвар идомаи нақшофаринии иқтисодии Гурӯҳи бист тақрибан аз байн хоҳад рафт. Аз ин рӯ, нишасти вазиони хориҷаи Гурӯҳи бист дар Берн бо ҳузури вазири умури хориҷаи давлати Трамп метавонад бо ҳадди зиёде ибҳомоти эҷодшуда аз фазои интихоботӣ ва сиёсии Амрикоро бартараф кунад. Машрут бар ин, ки давлати Амрико бо бар иқдомоти якҷонибагароёна, бар ибҳомоти кунунӣ наяфзояд.