Август 04, 2016 13:10 Asia/Dushanbe
  • Мавзеъҳои Арабистон - ҳадафи ҳамалоти мӯшакии нерӯҳои Яман

Нерӯҳои мардумии Яман бо ҳимояти муборизони "Ансор-ул-лоҳ" қароргоҳи Горди миллии Саъудиро дар минтақаи Ҷайзон, ҷануби Арабистон ҳадафи ҳамалоти мӯшакӣ қарор доданд. Дар ин ҳамла аз мӯшаки тамғаи М-13, маъруф ба "Катюша" истифода шудааст.

Ба гузориши "Пресс" ТВ, ҳамалоти талофиҷӯёнаи рӯзи чаҳоршанбе дар пайи як ҳамлаи мӯшакии нерӯҳои яманӣ ба як мақарри ҷудогонаи дигари Арабистони Саудӣ дар ин минтақа сурат гирифтааст. Бинобар гузоришҳо, як танк ва чандин зиреҳпӯши Арабистони Саудӣ дар ин ҳамла мунҳадим шудаанд.

Рӯзи шанбе, 12 мурдод, низ ду сарбози Саудӣ дар ҳамалоти талофиҷӯёнаи муборизони "Ансор-ул-лоҳ" ва нерӯҳои муттаҳиди мардумӣ дар минтақаи Ҷайзон аз пой даромаданд. Дар ҳамин ҳол, рӯзи душанбе низ дар пайи оташи шилликшуда аз Яман чаҳор нафар дар ин минтақаи марзӣ кушта ва се тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ин ҳамалот ба унвони бахше аз амалиёти муборизони "Ансор-ул-лоҳ" ва нерӯҳои муттаҳиди мардумӣ дар қиболи беш аз 15 моҳи таҷовузи низомии Арабистони Саудӣ алайҳи мардуми Яман сурат гирифтаанд. Дар ҳамин ҳол, ҷангандаҳои Саудӣ дар идомаи ҳамалоти худи рустоеро дар минтақаи Ним, наздик ба Санъо бомборон кардаанд.

Барчасп