Мухолифати беш аз 50 дарсади амрикоиҳо бо сиёсатҳои Трамп
(last modified Fri, 17 Feb 2017 14:51:56 GMT )
Феврал 17, 2017 19:51 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати беш аз 50 дарсади амрикоиҳо бо сиёсатҳои Трамп

Назарсанҷиҳои ахир нишон медиҳад, ки 56 дарсади мардуми Амрико дидгоҳи манфӣ нисбат ба сиёсатҳои раиси ҷумҳурии ин кишвар доранд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Маркази таҳқиқотии Pew эълом кард, мизони мухолифати мардум бо сиёсатҳои Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико бисёр бештар аз мухолифати онҳо бо сиёсатҳои Барак Абама, раиси ҷумҳурии пешини Амрико аст.

Бар асоси назарсанҷии Маркази таҳқиқотии Pew , фақат 38 дарсади пурсишшавандагон гуфтаанд, аз фармони иҷроии Трамп дар бораи мамнуияти сафари атбои ҳафт кишвари исломӣ ба Амрико ҳимоят мекунанд, дар ҳоле ки 59 дарсад бо ин фармон мухолифат кардаанд.

Ин назарсанҷӣ ҳафтум то дувоздаҳуми феврал бо ширкати ҳазору 503 нафар анҷом шудааст.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико 27 –уми январ дар фармоне вуруди атбои ҳафт кишвари мусулмонро ба Амрико мамнӯъ кард, ки бо вокунишҳои бисёре дар дохилу хориҷи ин кишвар рӯбарӯ шуд.