Феврал 18, 2017 17:58 Asia/Dushanbe
  • Раисиҷумҳури Хорватия: Русия душман нест

Раисиҷумҳури Хорватия гуфт, Русияро набояд ба унвони як душман талаққӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории Син Хуа, Колинда Грабар-Китарович -раисиҷумҳури Хорватия рӯзи ҷумъа дар конфронси амниятии Мюнхен таъкид кард, набояд Русияро ба унвони як душман дар назар гирифт, балки бояд дар ҳифозат аз ҳокимият ва тамомияти арзии худ, шаффоф ва равшан буд, зеро ҳамаи кишварҳо ҳаққи тасмимгирӣ дарбораи ояндаи худро доранд.

Вай афзуд, дар тавсеаи равобит бо Русия бояд чанд мавзӯъ аз ҷумла риояти усули ҳуқуқи байналмилал, ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо терроризм, ҳалли буҳрони Сурия ва тасбити авзоъ дар ҷанубу шарқи Аврупоро думбол кард.

Равобити Русия, Иттиҳоди Аврупо ва Амрико аз апрели соли 2014 дар пайи муташанниҷ шудани авзоъ дар Украина, рӯ ба тирагӣ ниҳод ва бо пайвастани Қрим ба Русия дар натиҷаи як ҳамапурсӣ, ба андозае тира шуд, ки аз поёни Ҷанги сард токунун бесобиқа будааст.

Барчасп