Ҳамсари Илҳом Алиев муовини раисҷумҳури Озарбойҷон шуд
(last modified Wed, 22 Feb 2017 15:17:46 GMT )
Феврал 22, 2017 20:17 Asia/Dushanbe
  • Ҳамсари Илҳом Алиев муовини раисҷумҳури Озарбойҷон шуд

Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон Меҳрубон Алиева, ҳамсари худ ва раиси Бунёди хайрияи Ҳайдар Алиевро муовини аввали худ таъин кард.

Ба иттилои Ирно, Илҳом Алиев дар ҷаласаи рӯзи сешанбеи Шӯрои амнияти миллии ин кишвар, интисоби Меҳрубон Алиеваро ба симмати муовини аввали раисҷумҳури Озарбойҷон эълом карду гуфт, вай солҳои тӯлонӣ нақши муҳиме дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурии Озарбойҷон доштааст.

Меҳрубон Алиева ҳамчунин муовини Ҳизби ҳокими Озарбойҷони навин ва намояндаи Маҷлиси миллии ҷумҳурии Озарбойҷон аст .

Симматҳои муовини аввал ва муовинони раисҷумҳури Озарбойҷон бар асоси натоиҷи ҳамапурсии ахири ислоҳи Қонуни асосии ҷумҳурии Озарбойҷон эҷод шудааст.

Меҳрубон Алиева мутаваллиди соли 1964 дар Боку аст ва насаби эронӣ дорад .

Падарбузурги Меҳрубон Алиева, Мирҷалол Пошоев, аз нависандагони барҷаста ва эрониюласли ҷумҳурии Озарбойҷон будааст .