Феврал 23, 2017 16:41 Asia/Dushanbe
  • Густариши доманаи танаффури ҷаҳонӣ аз режими саҳюнистӣ

Мухолифати давлати Индонезия бо убури ҳавопаймои ҳомили нахуствазири режими саҳюнистӣ аз ҳарими ҳавоии ин кишвар нишон дод, бо вуҷуди тасаввуроти ботили саҳюнистҳо, кишварҳои исломӣ ҳамчунон аз ҳуқуқи мардуми Фаластин дар баробари ҷинояткорон дифоъ мекунанду режими саҳюнистӣ дар инзивои комил қарор дорад.

Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ барои ин ки ба истилоҳ нишон диҳад, режими саҳюнистӣ дар инзивои ҷаҳонӣ қарор надорад, ибтидо дар ҳавзаи ҷануби шарқи Осиё ба Сингапур сафар карду дар идома ба мақсади Австралия дар ҳавзаи уқёнусия, аз Индонезия хост иҷозаи парвоз ба ҳавопаймояшро аз ҳарими ҳавоии худ бидиҳад, ки бо мухолифати давлати Ҷакарта рӯбарӯ шуд.

Натанёҳу, ки дархости соли гузаштааш барои барқарории равобит бо давлати Индонезия аз сӯйи Ҷакарта рад шуд, кӯшид бо дархости убури ҳавопаймояш аз ҳарими ҳавоии Индонезия. ба гунае ин кишварро дар амал анҷомшуда қарор диҳад, ки давлати Ҷакарта бо ҳушмандӣ ин дархости саҳюнистҳоро рад кард.

Ин мавзеи давлати Индонезия бо тавваҷуҳ ба идомаи интифозаи ҷадиди мардуми Фаластин таҳти унвони интифозаи Қудс, ки ҳаёти сиёсии саҳюнистҳоро ба ларза даровардааст, зарбаи сахте бар Натанёҳу маҳсуб мешавад.

 Индонезия пурҷамъияттарин кишвари исломӣ аст, ки ҳамчунон мухолифи режими саҳюнистӣ ва мудофеи ҳуқуқи мардуми Фаластин аст.

Ҳарчанд бархе ҳуккоми араб бо пушт кардан ба ормони мардуми Фаластин, дар замини саҳюнистҳо бар зидди онон бозӣ мекунанд, аммо мусулмонони озодандеш дар ҷаҳон нишон додаанд, ки ба ҳеч унвон мавҷудияти саҳюнистҳоро намепазиранд.

Ҳамзамон бо мухолифати давлати Индонезия бо убури ҳавопаймои ҳомили нахуствазири режими саҳюнистӣ аз ҳарими ҳавоии он кишвар, Муҳаммад Солеҳ, раиси Маҷлиси манотиқи Индонезия дар шашумин конфронси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи Фаластин, ки дар Теҳрон баргузор шуд, эълом кард: "бо ин ки Индонезия ҳазорон километр аз Фаластин фосила дорад, аммо ҳамвора ҳамбастагии худро бо мардуми Фаластин эъломва таъкид кардааст, ки дар муҷоҳидати қаҳрамононаи интифоза танҳо нестанду ҳамчунон қотеона аз ҳимояти Индонезия бархурдоранд.

Бо тавваҷуҳ ба аҳамияти ҷойгоҳи Индонезия дар Ҷумбиши ғайримутааҳҳидҳо режими ишғолгари Қудс дар садад аст, бо барқарории робита бо Ҷакарта ин ҷунбишро дар мавриди масъалаи Фаластин бо гусаст рӯбарӯ кунад, ки то кунун номуваффақ будааст.

Сафари Амин Мулиё, раиси Маҷлиси Малайзия ба унвони дувумин кишвари исломии муҳими минтақаи ҷануби шарқи Осиё ба Теҳрону ширкаташ дар шашумин конфронси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи Фаластин нишон медиҳад, ки талошҳои саҳюнистҳо барои эҷоди шикоф миёни кишварҳои исломӣ дар мавриди масъалаи Фаластин на танҳо шикаст хӯрдааст, балки кишварҳои исломӣ ҳамчунон режими саҳюнистиро мазҳари терроризми давлатӣ ва омили ноамнии ҷаҳонӣ медонанд .

Бо тавваҷуҳ ба ин воқеиятҳо ва идомаи рӯзафзуни ҷиноёти саҳюнистҳо бар зидди мардуми Фаластин, афкори умумии ҷаҳонӣ низ ба шиддат бо саҳюнистҳо мухолифанд.

Мухолифатҳои густарда дар Австралия, ҳамзамон бо сафари нахуствазири режими саҳюнистӣ ба Сидней дар ҳамин росто қобили тавваҷуҳ ва тааммул аст. Мухолифати донишҷӯёни Донишгоҳи Дублини Ирландия бо суханронии сафири режими саҳюнистӣ, ки мунҷар ба лағви он шуд, нишон дод, ки мухолифатҳо бо саҳюнистҳо танҳо шомили мусулмонон нест, балки озодандешону касоне, ки дарки амиқе аз терроризми давлатии режими саҳюнистӣ доранд, дар ҳар ҷову маконе бо саҳюнистҳо муқобила мекунанд. Вазъияте, ки беш аз пеш муҷиби тақвияти интифозаи мардуми Фаластин мешаваду интифозаву идомаи инзиво ҳамчунон муҳимтарин кобӯси режими саҳюнистӣ талаққӣ мешавад.

 

Барчасп