Феврал 24, 2017 21:23 Asia/Dushanbe

Садҳо тан аз мухолифони ҷиноятгариҳои режими саҳюнистӣ, бо баргузории таҷаммуъ дар Сиднейи Австралия, ба сафари нахуствазири режими саҳюнистӣ ба ин кишвар тазоҳурот карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, садҳо тан аз австралиёиҳо бори дигар дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин, бо роҳпаймоӣ дар шаҳри Сидней, Натанёҳуро фашист, террорист ва ҷинояткори ҷангӣ номиданду ҳузури ӯро дар кишварашон шармовар донистанд.

Шаҳрҳои бузурги Австралия ҳамчун Сидней, Мелбурн ва Канберра рӯзҳои чаҳоршанбеву панҷшанбе низ саҳнаи таҷаммӯҳои эътирозомез ба ҳузури Натанёҳу буд.

Ин нахустин сафари Натанёҳу ба Австралия аст ва қарор аст то рӯзи шанбе, ки вай дар ин кишвар ҳузур дорад, таҷаммӯҳои эътирозии дигаре низ баргузор шавад.

 

Барчасп