Феврал 25, 2017 12:56 Asia/Dushanbe
  • Чин ба думболи раҳбарии низоми ҷаҳонӣ аст

Раиси ҷумҳурии Чин дар изҳори назаре бесобиқа аз тасмими ин кишвар барои эҷоди “назми навини ҷаҳонӣ” ва раҳбарии он хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Си Ҷин Пинг, раиси ҷумҳурии Чин дар изҳори назари бесобиқа, ки коршиносон онро нуқтаи муқобили сиёсатҳои давлати Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико медонанд, гуфт: “Чин омодаи шакл додан ва ҳидояти як назми навини ҷаҳонӣ ва ҳамчунин ҳаросат аз амнияти дунёст”.

Раиси ҷумҳурии Чин афзуд, ҷаҳон дар масири чандқутбӣ шудан, ҷаҳонӣ шудан ва озодтар шудани равобити тиҷорӣ қарор гирифтааст ва дар чунин шароите Чин бояд ҳидояти ҷаҳон ба сӯйи як назми навинро бар ӯҳда бигирад ва зомини амнияти байналмилал бошад.

Дар ҳоле, ки Трамп бар бастани марзҳои Амрико ва берун кардани муҳоҷирони хориҷӣ мутамаркиз шудааст, Чин мегӯяд, сиёсати осонсозӣ барои вуруди хориҷён, ба хусус нерӯҳои омодаро иҷро мекунад.

 

Барчасп