Феврал 26, 2017 13:39 Asia/Dushanbe
  • Қатли бародари раҳбари Кореяи Шимолӣ ба хотири 90 доллар

Гумонбари индонезиёии қатли бародари нотани (угай) раҳбари Кореяи Шимолӣ гуфт, фақат бо дарёфти 90 доллар иқдом ба қатл кардааст.

Ба гузориши хабаргузории ИСНО, Адриано Эрвин-муовини сафири Индонезия дар Малайзия, гуфт, Сите Осия-гумонбари аввали қатли бародари нотании Ким Чен Ин-раҳбари Кореяи Шимолӣ бо сами (заҳр) кушандаи “vx” иқдом ба қатл кардааст.

Ба гуфтаи Адриано, гумонбар ба ин қатл муддаӣ шуда, ки фиребхӯрда ва ҳаргиз гумон намекардааст, ки муттаҳам ба қатл шавад.

Муовини сафири Индонезия дар Малайзия, рӯзи шанбе бо Сите Осия, гумонбар ба қатли бародари нотании раҳбари Кореяи Шимолӣ дар зиндони Малайзия дидор кард.

Бинобар эъломи пулиси Малайзия, модаи заҳрие, ки Ким Чен Нам номи бародари раҳбари Кореяи Шимолӣ бо он, ба қатл расид, гази аъсоби “vx” буд.

Ин мода дар феҳристи маводи химиёвӣ ва силоҳҳои куштори ҷамъӣ ва мамнуъаи Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад.

Ким Чен Нам бародари нотании раҳбари Кореяи Шимолӣ, 13 феврал дар фурудгоҳ Куала Лумпур ба дасти ду зан, масмум шуд ва лаҳзоте баъд ҷон бохт.

Пулиси Малайзия ду зани аҳли Индонезия ва Ветнам ва як марди аҳли Кореяи Шимолиро дар иртибот бо қатли бародари нотании раҳбари Кореяи Шимолӣ боздошт кардааст.

Барчасп