Нигоҳе ба ЭКО дар остонаи нишасти сарони кишварҳои узв
Исломобод, пойтахти Покистон имрӯз (сешанбе), мизбони бистудувумин нишасти вазирони умури хориҷаи узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) ва фардо низ мизбони сенздаҳумин иҷлоси сарони ЭКО хоҳад буд.
Дар нишасти имрӯз вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон раёсати Шӯрои вазирони ЭКО-ро ба Сартоҷ Азиз, мушовири нахуствазири Покистон дар умури хориҷӣ вогузор кард.
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар оғози нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷаи ЭКО ибрози умедворӣ кард, ки Покистон иқдомоти муҳим ва ҷомеъро дар заминаи густариши ЭКО дар давраи раёсати худ думбол кунад. Эрон, Тоҷикистон, Туркия, Покистон, Афғонистон, Туркманистон, Қирғизистон, Узбакистон, Қазоқистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон, 10 узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ҳастанд.
Минтақаи ЭКО яке аз ғанитарин манотиқи дунё аст, ки зарфиятҳо, фурсатҳо ва бистарҳои ҳамкории муносибе дар ҳавзаҳои мухталиф, ба вижа дар бахши энержӣ дорад. Кишварҳои ин минтақа дар чорчӯби Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ дар заминаҳои тиҷорат, ҳамлу нақл ва энержӣ бо якдигар ҳамкорӣ доранд. Нигоҳе ба мавқеияти куллии ин маҷмӯа нишон медиҳад, ки созу корҳои бисёр хубе дар ЭКО барои ҳамкорӣ миёни аъзо вуҷуд дорад. Эрон дар давраи раёсати сесолаи худ бар ЭКО талош кард то ҳаддиаксари баҳрабардориро аз ин созукорҳо ба нафъи тамоми аъзо дошта бошад. Эрон, ки аз бунёнгузорони ин созмон аст, дар ин росто мувофиқатномаҳои ҳамкории чандҷонибаи зиёдеро бо кишварҳои ин минтақа имзо кардааст. Аммо нуктаи муҳиме, ки Зариф дар бахше аз суханонаш хотирнишон кард, ин воқеият аст, ки созмони ЭКО ниёзманди як механизми ҷомеъ барои таъйини нақши тамоми аъзои он дар заминаи амалӣ кардани чашмандозҳои ин созмон аст . Он чӣ мусаллам аст, ЭКО аз назари зерсохтҳои мавриди ниёз барои тавсеа, ба унвони як маҷмӯаи иқтисодии минтақаӣ, шохисҳои муҳиме дорад. Аз ҷумлаи ин шохисҳо вусъати сарзамине ба густараи 8 миллион километри мураббаъ аст, ки ҳудуди 20 дарсад аз масоҳати қораи Осиё ва 6 дарсад аз масоҳати ҷаҳонро дар бар мегирад.
Аз назари шохисҳои ҷамъиятӣ ва бозори масраф низ минтақаи ЭКО бо ҷамъияте беш аз 400 миллион нафар, як бозори хуб аст. Аммо аз ҳама муҳимтар, вуҷуди заминаҳои мусоид барои сармоягузории муштарак аст. Аммо ин бахш яке аз заифтарин ҳалқаҳои ЭКО маҳсуб мешавад. Иҷрои ин ҳадаф бо монеаҳое рӯбарӯст, ки муҳимтарини он вуҷуди танишҳои сиёсӣ дар минтақаи ЭКО ва муҳити перомуни он ва ҳамчунин мушкилоти дохилӣ дар даруни бархе аъзои ЭКО аст. Ба унвони мисол, метавон ба танишҳои дерина дар равобити Покистон ва Афғонистон ишора кард. Туркия низ, ки аз поягузорони ЭКО маҳсуб мешавад, бо вуҷуди доштани зарфиятҳои муносиби иқтисодӣ, даргири танишҳое дар дохил ва низ дар ҳавзаи сиёсати хориҷии худ шудааст. Тамоюли физояндаи Туркия барои пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо низ бо вуҷуди он ки то кунун натиҷае қатъӣ надошта, аммо нақшофаринии Туркияро дар чорчӯби ЭКО камранг кардааст.
Ин чолишҳо зоҳиран чизе аз тавонмандиҳои билқувваи иқтисодии ЭКО-ро кам накардааст, аммо истифода аз инҳоро бисёр сахт ва ҳатто ғайримумкин кардааст. Акнун тавсеаи иқтисодӣ барои минтақаи ЭКО як зарурат аст, дар ҳоле ки то иҷрои ин аҳдоф фосилаи зиёде вуҷуд дорад. Тақвияти нақши минтақаии ЭКО фақат бо бакоргирии манобеъ ва зарфиятҳои ЭКО муяссар аст ва пешниёзи он субот ва амнияти ҷамъӣ ва тақвияти ҳамгароӣ аст.