Март 01, 2017 10:58 Asia/Dushanbe
  • Масҷиди ҷомеи Маскав маркази тарбияти исломии коргарони муҳоҷири тоҷик

Устоди донишгоҳи Ҳеделбурги Олмон ва пажӯҳишгари масоили исломӣ мӯътақид аст, ки масҷиди ҷомеи Маскав дар тарбияти исломии коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия нақши созандае ифо кардааст.

Ба гузориши сайти Stanradar, София Руш, ки 6 сол мавзӯи нақши масҷиди ҷомеи Маскав дар тарбияти исломии коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русияро мутолиа кардааст мегӯяд, ки бо вуҷуди фазои манфии расонаӣ дар Русия зидди коргарони муҳоҷир, ин афрод ҳамвора иртиботи худро бо масоҷид ва шахсиятҳои саршиноси мазҳабӣ дар дохили Тоҷикистон ҳамчун Нуриддин Тураҷонзода ҳифз кардаанд.

Вай таъкид мекунад, ки коргарони ҷавони муҳоҷири тоҷик дар ҳоле дар масоҷиди Русия аз имкони омӯзиши улуми исломӣ бархурдоранд, ки дар кишваршон ба далели афзоиши фишор бар мусулмонон аз чунин шароите маҳрум ҳастанд.

Бо таваҷҷуҳ ба нақш физояндаи мусулмонони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла коргарони муҳоҷири тоҷик дар ҳаёти сиёсӣ ва мазҳабии Русия ахиран Равил Айнуддин раиси шӯрои муфтиёти Русия гуфтааст, ки саҳмияи солиёнаи ҳаҷ барои мусулмонони Русия 20 ҳазору 500 нафар аст, ки метавон аз ин теъдод 200 то 400 саҳмро ба коргарони муҳоҷири мусулмон, аз ҷумла Тоҷикистон ихтисос дод.

Ба гуфтаи раиси шӯрои муфтиёти Русия, мақомоти Арабистон ваъда додаанд, ки саҳмияи ҳаҷи фарзӣ ва умраи мусулмонони Русияро афзоиш диҳанд, ки дар ин сурат коргарони муҳоҷири мусулмони кишварҳои Осиёи Марказӣ низ аз ин имтиёз баҳраманд хоҳанд шуд.

 

Барчасп